Нашрияи Омӯзгор

Баракат аз ҳаракат

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

Мулоҳизаҳо оид ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»

Дар низомномаи озмун омадааст, ки довталаби муваффақ бояд на кам аз сад ғазал, на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ, на кам аз 100 мисраъ (50 байт) қасида, на кам аз 300 мисраъ (150 байт) аз достонҳои шоирони машҳури пешин аз худ карда ва аз ёд хонда тавонад.

Ҳамчунин, 200 мисраъ (сад байт) аз жанрҳои гуногуни осори шоирони классикӣ, муосир ва хориҷӣ аз ёд карда ва оид ба асарҳои насрии адабиёти классикии тоҷик иттилои комил дошта бошад. Довталабони соҳибҷоиза ба ин талабот асосан ҷавобгӯ буданд. Масалан, С. Имрониддинов мувофиқи ҳуҷҷате, ки ӯ пешниҳод кардааст, 570 ғазал, 620 рубоӣ ва дубайтӣ, 2600 мисраъ аз достонҳо, 1390 байт аз дигар анвои шеърӣ, 500 мисраъ аз ашъори шоирони муосири тоҷик ва адибони хориҷӣ аз ёд кардааст ва қироат карда метавонад. Ё худ Сафармоҳи Аҳмадбек дар бораи аз ёд кардани 130 ғазал, 300 рубоиву дубайтӣ, 310 байт аз қасидаҳо ва 1032 мисраъ аз дигар анвои шеърии адибони классик ҳуҷҷат пешниҳод кардааст ва санҷиш нишон дод, ки ин пешниҳодот воқеият доранд.

Бояд гуфт, ки довталабони дорои ҳофизаи қавӣ ва ҳунари ровигиву суханварӣ дар номинатсияи 1 кам набуданд ва чанде аз насри адабиёти классикӣ ҳам асарҳои зиёдеро мутолиа кардаанд, ки ин ҷо қисмате аз онҳоро номбар кардан зарур аст: Назарова Заррина (донишҷӯ, ноҳияи Рашт), Акбарова Бибимушаррафамоҳ (донишҷӯ, шаҳри Душанбе), Каримов Султон (талабаи синфи 11, ноҳияи Ёвон), Пайшанбиева Азизмоҳ (толиба, ВМКБ), Рустамова Омина  (хонандаи синфи 11, шаҳри Кӯлоб), Саъдуллоев Иброҳим (талаба, ноҳияи Тоҷикобод), Давлатов Рашид (омӯзгор, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин), Мадалиева Шоира (донишҷӯ, шаҳри Хуҷанд), Саидова Сарвиноз (донишҷӯ, шаҳри Душанбе), Осими Оқил (омӯзгор, шаҳри Хуҷанд),  Мирзоев Маҳмадшоҳ (омӯзгор, ноҳияи Сангвор), Талбакова Банда (толиба, шаҳри Кӯлоб). Умуман, худи ба даври чоруми ин озмуни бонуфуз роҳхат гирифтан  далели довталаби муваффақ будан мебошад. Бинобар ин, ҳамаи ширкаткардагон ба ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Рӯзҳои баргузории даври ниҳоии озмун диққати тамоми сокинони хурду калони ҷумҳурӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба рафти ин сабқат ҷалб шуда буд. Сокинони мамлакат тавассути шабакаҳои гуногуни телевизион ва радио рафти озмунро дар чор номинатсия мушоҳида карда, аз шеърхонӣ, суханронӣ ва ҷавобҳои қонеъкунандаи довталабон шод мешуданд. Як сокини пойтахт изҳор намуд, ки: «Ман рафти маъракаи «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро сар то сар дида, хурсанд аз он шудам,  ки дар ҷумҳурии мо насли  ҷавони сазовору масъулиятшиноси Тоҷикистони соҳибистиқлол ба воя расида истодааст».

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар маҷлиси хотимавии озмун иброз дошт, ки ин маъракаи фарҳангӣ солҳои минбаъда низ  дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шакли боз ҳам такмилёфта идома меёбад, то ки китоб ва китобхонӣ чун ғизои маънавӣ  қисми таркибии зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон қарор гирифта, дар мамлакати соҳибистиқлоламон инқилоби фарҳангӣ батамом ғалаба кунад. Оре, солҳо мегузаранд, ҷомеаи мо аз лиҳози иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  боз ҳам рушду густариш меёбад ва сабқату ҳунарнамоии довталабони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар соли 2019 чун аввалин парастуҳои ин ҳаракати фарҳангӣ дар хотирҳо абадӣ нақш мебанданд.

 

Аламхон Кӯчарзода,

профессори ДМТ, раиси

доварони  номинатсияи 1-и озмун


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш