Нашрияи Омӯзгор

Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор гашт

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

25-уми декабри соли 2019 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Р. Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, К.Назаров – директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Н.Ғаффорӣ – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, И.Бобоев – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб иштирок намуда, оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, № 443 дар бораи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022” назди аъзои шӯро суханронӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Н.Ғаффорӣ оид ба фаъолияти Шӯро, базаи моддию техникии донишгоҳ ва омода намудани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ маълумот дод.

Ҳамчунин, ҳисоботи Маркази технологияи информатсионӣ ва комуникатсионии назди раёсати маорифи ноҳияи Варзоб оид ба иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” шунида шуд.

Мавзунахон УБАЙДУЛЛОЕВА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш