Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масъалаҳои муҳим

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

28 декабр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Нақшаи кори Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва оид ба натиҷаи фаъолияти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 доир гардид.

Дар ҷаласа, ки аз 42 нафар аъзо иборат мебошад, раиси Шӯро Муҳаммадюсуф Имомзода, аъзои Шӯро -  ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва даъватшудагон - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода иштирок намуданд.

Ҳамоишро раиси Шӯро, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ифтитоҳ намуда, оид ба вазъи фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва раванди ҷалби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Мавсуф иброз намуд, ки «ҷаласаи мо дар доирае баргузор мегардад, ки баъди чанд рӯз мардуми тамаддунсози тоҷик бо соли 2019 хайру хуш карда, соли нави мелодии 2020-ро ҷашн мегиранд. Соли 2019 бо рӯйдоду дастовардҳои худ барои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихию бобарор буд».

Сипас, гузориши ректори Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҳайдар Одиназода оид ба вазъи фаъолияти донишгоҳ дар самти таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҷиҳати омодасозии муштараки мутахассисони баландихтисос пешниҳод гардид.

Ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Нуралӣ Солеҳов оид ба татбиқи пайвастаи таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, бо дарки масъулиятшиносӣ дар назди Ватан ва ҷомеа тарбия намудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон ғаффорӣ оид ба вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Донишгоҳи мазкур, котиби масъули Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Алиҷон Шоназаров оид ба натиҷаи фаъолияти Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 ва оид ба тасдиқи Нақшаи кори Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 сухан гуфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои мақоми доимоамалкунандаи машваратии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, давоми соли 2019 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Аз ҷумла, Нақшаи кори Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки аз 19 банд иборат мебошад, сари вақт таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид 10 январи соли 2019 тасдиқ ва сари вақт дастраси аъзои Шӯрои ректорон гардонида шуд.

Тибқи талаботи нақшаи мазкур соли 2019 ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба доир гардида, зиёда аз 15 масъалаи нақшавӣ ва 40 масъалаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Тамоми маводи ҷаласаи Шӯро, аз ҷумла, масъалаи рӯзнома, слайду муаррифиҳо ва лоиҳаи протоколи маҷлиси Шӯро барои омодагӣ ба ҷаласа баъди имзои раиси Шӯро дастраси аъзо гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Низомномаи пешинаи Шӯро таҳти номи «Низомномаи Шӯро»-и ректорони мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 1995 таҳия ва тасдиқ шуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд.

 

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш