Нашрияи Омӯзгор

Масъулияти аҳли маориф бештар мешавад

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Афзалиятманд будани соҳаи маориф дар кишвари мо дар Паёми навини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар собит гардид. Сарвари кишвар таъкид карданд, ки пешрафти тамоми  соҳаҳои ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф алоқаманд аст.

«Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон,-зикр намуданд Пешвои миллат,-ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд». Дар заминаи дастуру  ҳидояту дастгириҳои Президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати мамлакат дар давоми соли 2019 беш аз 130 муассисаи  таҳсилоти умумӣ бо дарбаргирии зиёда аз 32 ҳазор ҷои нишаст ба истифода дода шуд. Дар баробари ин, дар соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 54 ҳазор ҷои нишаст дар назар дошта шудааст. Сохтмони бинои нави мактабҳо ва ба ин васила беҳтар кардани шароити таълиму тарбия дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ марҳила ба марҳила вусъат хоҳад ёфт. Дар баробари зикри пешравиҳою навгониҳои чашмгир дар соҳаи маориф Сарвари кишвар аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳанӯз ҳам сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии мамлакат дар сатҳи дилхоҳ нест. Пешвои миллат аҳли маорифро даъват намуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Воқеан ҳам, ин ҳама ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ  созгор бо рӯҳияи замонанд ва ҳадафи  асосиашон ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳар чӣ бештар мувофиқу созгор кардани дараҷаи таълиму тарбия дар кулли  мактабҳои кишварамон мебошад. Тавсеа бахшидан ба тадриси фанҳои мазкур яке аз омилҳои муҳими таъмини пешрафти минбаъдаи Ватанамон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт маҳсуб меёбад.

Дар асоси таҳлилу баррасии вазъи имрӯзини соҳаи маориф, равандҳои инкишофи ҷаҳони муосир ва нақши илму техника дар таъмини инкишофи бомайлони ҳаёти мамлакат Сарвари кишвар пешниҳод намуданд, ки ба хотири пурсамартару беҳтар ба роҳ мондани омӯзишу тадриси илмҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ,  инчунин, бо мақсади тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад.  Ин, воқеан, боз як иқдоми дурбинонаву ватандӯстонаи Пешвои миллат мебошад, ки замина ба ғамхорӣ нисбат ба ояндаи насли наврас ва фардои шукуфои кишвар дорад. Қаблан Президенти муҳтарамамон аз наврасону ҷавонон омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ва балад будан ба идораи муваффақонаи технологияҳои муосирро тақозо карда буданд. Акнун чун дар баробари забондонию кор бо  технологияи муосир насли навраси мо аз фанҳои дақиқ дониши амиқ ба даст оранд, комёбии минбаъдаашонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат таъмин хоҳанд кард ва мутахассисони варзидаи созгор ба талаботи замон хоҳанд шуд. Дар ин самт масъулияти асосӣ мансуб ба аҳли таълиму тарбия мебошад.

 

Нигора Сулаймонова,

ҷонишини деректори

мактаби №55-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш