Нашрияи Омӯзгор

Кӯдаконро ба фаъолият водор бояд кард

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Имрӯзҳо муассисаҳои томактабии кишвар бештар ба дастуру барномаҳо ва мураббияҳои соҳибхираду ботаҷриба, бомаҳорату навҷӯ ниёз доранд. Мураббия дар муассисаҳои томактабӣ мебошад, ки қалби шогирдонро аз нури маърифат саршор мегардонад. Вақти он расидааст, ки аз машғулиятҳои қолабӣ, даст кашем, дар ҷустуҷӯи усулҳои нави фаъолгардонии наврасон бошем. Бигзор, наврасон бештар ба хониш ва омӯзиш дилгарм шуда, майлу рағбаташон нисбат ба ҳар як касб ва фан афзунтар гардад. Мураббӣ зимни машғулият пас аз баёни мавзӯи нав, яъне сайругашт дар муҳити атрофи кӯдакистон ба қисми зиёди наврасон, барои он ки вақти худро беҳуда сарф накунанд, супоришҳо медиҳад. Яъне хурдтаракон барои тайёр кардани супоришҳои зерин, ки дар тахтаи гурӯҳ ё тахтаи электронӣ нишон дода шудааст, омодагӣ мебинанд:

   1.Тартиб додани рӯйхат оид ба ниҳолони сояафкани муҳити атрофи кӯдакистон.

2.Нишон додани ҳар гуна гулҳои муҳити ҳуҷраи гурӯҳ.

3.Кашидани расми гулҳое, ки дар табиати кӯдакистон месабзанд.

4.Нақли хурдтаракон доир ба ранг, бӯй ва намуди гулҳои гурӯҳ ва муҳити атроф.

5.Шеър хондан оид ба гул ва сабзаю растаниҳои ҷойдошта.

6.Чистон гуфтан оид ба сабзавот ва табиат.

7.Мураббия калимаҳои нофаҳморо аз доираи машғулият бояд шарҳ диҳад.

8.Корҳои тасвирӣ бо варақаҳо (карточкаҳо).

9.Фаъолият бо шаклҳои гуногуни тестҳо (аз ҷумла: интихоби тартиби дуруст, интихоби якчанд ҷавоби дуруст, ворид намудани адад, иваз намудани ҷойи ҳарфҳо, ёфтани ҷуфти мувофиқ ва ғайра).

10.Ифоданок, беғалат аз ёд хондани суруд.

11.Тамошои ягон мазараи табиат аз монитор ва нақли хурдтаракон доир ба он.

Мураббия пас аз он ки қисме аз хурдтараконро тавассути пурсиши супоришҳои дар боло ишорашуда хушҳол менамояд, қисмати дигарро ба воситаи сайругаштҳо бо хурдтаракон дар муҳити атроф мегузаронад…

 

Бӯстоной ВАЛИЕВА,

сармураббияи  кӯдакистони №3-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш