Тоҷикистон дорои мероси бузурги маъданӣ, таърихӣ, маданият, мавқеи қулаи ҷуғрофӣ, ландшафтҳои гуногуни табиии минтақаҳои рекреатсионӣ, наботот ва ҳайвонот мебошад. Ташкили ин ё он намуди фаъолияти туризм ва рекреатсия омӯзиши хусусиятҳои табиии географии ноҳияро талаб менамояд.
Захираҳои обӣ. Захираҳои обиро барои истироҳату шиноварӣ ва туризми варзишӣ (рафтинг, серфинг, варзиш дар байдаркаҳо, заврақҳо, қаиқҳо, каноэ ва ғайраҳо) истифода мебаранд.
Истироҳати пляжӣ – шиноварӣ дар соҳили баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳои сунъӣ (наҳрҳо, карерҳо) ташкил карда мешавад.
Захираҳои кӯҳии туристӣ. Кӯҳҳоро метавон барои рушди кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ, туризми саёҳатӣ, туризми лижаронии кӯҳӣ ва табобати иқлимӣ мавриди истифода қарор дод. Барои истироҳати табобатӣ релефҳои теппаҳои калон ва ҷӯякҳо нисбатан мусоид мебошанд. Дар ин маврид бояд мавзеъҳо мустаҳкам ва аз эрозия эмин бошанд.
Барои туризми кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ релефи кӯҳӣ зарур мебошад: харсангҳо, пиряхҳо ва барфсангҳо. Баландии мавзеъҳо набояд аз 3000 – 3500 м. зиёд бошад. Хатсайрҳо одатан ба сатҳҳои баланди анвои гуногуни релеф мегузаранд. Ҳангоми интихоб ва тартиб додани хатсайр бояд хусусиятҳои ҷисмонӣ ва психологии ширкаткунандагонро ба назар гирифт. Пиряхҳо низ барои туризми кӯҳӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.
Мавзеъҳои танзимкунандаи дастрасиҳо. Ба ин гурӯҳ мавзеъҳои шикорчигӣ ва моҳидорӣ, инчунин, мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ дохил мешаванд.
Туризми шикорӣ ҷараёни шикор ва шикоркунии ба олами ҳайвоноту парандагон иҷозатшударо дар бар мегирад. Ҳангоми баҳогузории шикоргоҳҳо ду омили асосиро дида мебароянд: навъи маҷмӯи табиӣ ва гуногуншаклии олами ҳайвонот.
Омили якум дараҷаи мусоид будани мавзеъро барои шикор муайян месозад, омили дуюм бошад, фаровонии анвои олами ҳайвонот ва шумораи ҳайвоноти нодир. Мавзеъҳои моҳидорӣ ва шикорӣ аз рӯи ду омил баҳогузорӣ карда мешаванд: дастрасии мавзеъҳои обӣ ва анвои гуногуншакл.
Ба мавзеъҳои махсусан муҳофизатшавандаи табиӣ дохил мешаванд: фармоишгоҳҳои табиӣ, муҷассамаҳои табиӣ, нуқтаҳои мамнуъгоҳҳои ҷангал, боғҳои миллӣ, мамнуъгоҳҳо. Таъйиноти асосии ин мавзеъҳо- муҳофизати иншоотҳои табиии арзишнок: ботаникӣ, зоологӣ, гидрологӣ, геологӣ, маҷмӯавӣ, мавзеъгӣ.
Боғҳои миллӣ муассисаҳои муҳофизаткунандаи табииянд, қаламраве (акватория) мебошанд, ки маҷмӯаҳо ва иншооти табииро дар бар гирифта, дорои арзишҳои махсуси экологӣ, таърихӣ ва эстетикианд.
Мамнуъгоҳҳо аз маҷмӯаҳо ва иншооти табиӣ иборат буда, дорои арзишҳои экологии бемисланд ва барои истифода бо мақсадҳои муҳофизати табиат, илмӣ ва илмӣ-равшаннамоӣ таъйин шудаанд.
Захираҳои фарҳангӣ – таърихӣ. Имрӯзҳо дар дунё шумораи он сайёҳоне, ки хоҳиши аз давлатҳои дорои таърих ва фарҳанги ғанӣ дидан карданро доранд, меафзояд. Туризми таърихӣ – фарҳангӣ дар ташаккул ва тараққиёти шаҳрҳои туристӣ нақши босазоеро мебозад.
Бо болоравии сатҳи фарҳангии аҳолӣ, туризми таърихӣ – фарҳангӣ дар тараққиёти марказҳои туристӣ нақши босазо мебозад.
Дар шароити Тоҷикистон рушду равнақи туризм метавонад микдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд оварда, теъдоди бештари бекоронро ба кори доимӣ таъмин намояд. Ҳамзамон, дар сурати амалӣ гаштани нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми даромаднокӣ аз ин соҳа метавонад даҳҳо маротиба боло равад, ки ин, албатта, боиси баланд гаштани дараҷаи некуаҳволии халқ мегардад.
Музаффар НУРМАТОВ,
ассистенти кафедраи гуманитарии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр