Нашрияи Омӯзгор

Номи наку монд аз ӯ

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Баҳром Юсуфов ҳанӯз аз овони ҷавонияш ҷавонмарди қобилу уҳдабаро ва бовиҷдон буд ва бо мурури замон чунин хислатҳои накуяшро то охири умраш дар кору амалу рафтори хеш нигоҳ дошт. Ӯ чун одат ҳар субҳ китобҳо зери бағал шитобон сӯи мактаб равон мешавад. Ин саҳар хост, ки ба мактаб равад, натавонист, беморӣ ӯро аз по афтонд ва бистарӣ намуд. Он рӯз дергоҳ хонандагони деҳаи Киров назди мактаб устодашонро интизорӣ мекашиданд. Ногаҳон хабари бемории устод ба гӯши шогирдонаш расид. Бачаҳо шитобон ба тарафи хонаи устодашон рафтанд. Баҳром Юсуфов дар бистари беморӣ хоб буд,омадани шогирдонашро шунида, ҳаракат намуд, ки аз ҷойгоҳ хезад, аммо натавонист… Хонандагон аз аҳволи устодашон дилсӯзона пурсон мешуданд. Рӯзи 7 ноябри соли 2018 риштаи умри омӯзгори варзидаю соҳибтаҷиба канда шуд. . .

Баҳром Юсуфов соли 1980 баъди хатми факултаи забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ихтисоси муаллими фанни забони русӣ ба ноҳияи Вахш ба кор омад. Нахуст фаъолияти педагогии худро ба ҳайси омӯзгори забони русии муассисаи таълимии №48-и ноҳия оғоз намуда, сипас, соли 2013 дар муассисаи таълимии №6 ҳамчун муаллими забони русӣ фаъолият намуда, то охири умри хеш ба шогирдон сабақ меомӯзонд. Баҳром Юсуфов дар як муддати кӯтоҳ худро ҳамчун омӯзгори варзида, ташаббускор ва навовар нишон дода, дар чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ иштироки фаъолона менамуд. Фаъолияти роҳбарию кордонияшро ба назар гирифта, соли 2014 ӯро роҳбари иттиҳодияи методии омӯзгорони фанни забони русӣ ва ҳамзамон роҳбари маҳфили забони русӣ интихом менамоянд. Дар ин муддат ӯ барои баланд бардоштани сифати кори таълиму тарбияи насли наврас ва мустаҳкам кардани пояи моддию техникии таълимгоҳ заҳмати зиёде ба харҷ дода, дар минтақаи Вахшонзамин ва берун аз он ҳамчун омӯзгори ҷӯяндаю пуркор ва фаъол шуҳрат пайдо кард ва сазовори ҳурмату эҳтиром гардид. Борҳо шогирдонаш дар озмунҳои фаннӣ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аксарияти омӯзгорони ҷавони забони русии ноҳия ва берун аз он, аз таҷрибаю маслиҳатҳои судманди ӯ истифода бурда, ӯро устоди худ меҳисобанд. Омӯзгор Баҳром Юсуфов барои саҳми арзандааш дар таълиму тарбияи насли наврас бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ноҳияи Вахш сарфароз гардонида шудааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш