Нашрияи Омӯзгор

Ёди ӯ ҷовидонист

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Шоми 28-уми ноябри соли 2019 дар хотири мардуми деҳаи ба номи Сайф Раҳимзоди Афардии ноҳияи Фархор чун шоми ғаму андуҳ абадӣ боқӣ мемонад. Хабари марги нобаҳангоми омӯзгори варзида, инсони соҳибзавқу дилогоҳ, устоде, ки шогирдони зиёдеро дар ноҳия ва берун аз он тарбия намуда, ба воя расонидааст – Зайниддин Муҳиддинов хамагонро ғамзада кард.

…Соате пеш устод дар ҳалқаи шогирдон буд ва ба онҳо оид ба одаму одамгарӣ, ватандӯстию рафтори ҳамидаи инсонӣ ҳарф мезад. Аммо афсӯс, ки марги бераҳм мо-дӯстон, ҳамкорон, ҳамсуҳбатон, наздикону пайвандонро аз ин инсони комил, рафиқи меҳрубон, суҳбаторои маҳфилҳо.

Ӯ омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи №24-и ноҳияи  Фархор буд. Ба шогирдон дар баробари ҳарфи аввалин омӯхтан, сабақи зиндагӣ, дарси садоқату меҳру вафо, одаму одамгарӣ меомӯхт. Бо хислатҳои хуби инсониаш дар дилу дидаи шогирдон, ҳамкорон, ҳамдеҳагон маъво гирифта буд.

Зиндагиномааш содаю хоксорона буд. Соли 1947 дар яке аз деҳаҳои кӯҳистони Балҷувон ба дунё омада, аҳли оилаашон соли 1953 ба ноҳияи Фархор кӯчидаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияро хатм намуда, баъд ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳру Кӯлоб дохил шуд.

Соли 1965 омӯзишгоҳро хатм намуда, ба хизмати Ватан-модар меравад. Аз соли 1969 ба сифати муаллим дар мактаби миёнаи  №24 ба кор таъин мешавад. Солҳои 1969-1974 шуъбаи таълими синфҳои ибтидоии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлобро «ҳоло Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» хатм намуд.

З.Муҳиддинов тӯли фаъолияти омӯзгориаш шогирдони зиёдеро тарбия намуд ва аксари онҳо роҳи таъйиннамудаи ӯро давом дода истодаанд.

Мардуми деҳа, омӯзгорону хонандагон нисбат ба ӯ ҳурмату эҳтироми беандоза доштанд.

Ӯ дигар дар байни мо нест. Барои мо, дӯстону ҳамкорон, ин басо мушкилу сангин аст. Лекин пеши марг ҳама ноилоҷу дасткӯтоҳем.

Ёди ин инсони шарифу нек-ном ҳамеша дар дилҳои мост.

 

Омӯзгорони мактаби №24, ноҳияи Фархор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш