Нашрияи Омӯзгор

Гулдӯзии тоҷикӣ

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин мактабҳо шогирдон аз рӯи усули анъанавии миллии устод – шогирд тарбия меёбанд.

Ин усул яке аз анъанаҳои қадимаи миллии тоҷикон буда, муҳаққиқ П. Гончарова  онро дар радифи дигар усулҳои шогирдтайёркунӣ баррасӣ намудааст. Тадқиқоти ӯ ба зардузӣ- яке аз ҳунарҳое, ки густариши васеъ дорад, бахшида шудааст. Муҳаққиқ нуқтаи ҷолиберо қайд мекунад, ки зардӯзӣ дар қадим, аслан, ҳунари мардон буд, зеро дар рӯи матоъҳои дурушту ғафс, ба монанди махмал сӯзан задан лозим меомад. Дар бораи яке аз мардони соҳибҳунари Ҳирот - Ҳасани Зардӯз Зайниддин Восифӣ дар ёддоштҳои худ сухан меронад.

Дар аморати Бухоро дарбори амир фармоишгари асосии маҳсулоти зардӯзӣ буд, ки ин зарурати ташкили устохонаҳоро дар назди дарбор ба миён овард.

Дар он давра садҳо зардӯзи моҳир ба дӯхтани либосҳои қимматбаҳои дарбориён машғул буданд ва фақат як қисми ночизи маҳсулоти онҳо ба бозор бароварда мешуд. Либосҳои бо зардӯзӣ оро дода ҷомаи мардона, камзӯлҳо, шалворҳо, пойафзол, тасма, каллапӯшҳо, ҷиҳози аспҳо танҳо бо фармоиши амир ва пайвандони ӯ омода мешуданд. Дигар ҳеҷ кас, ҳатто шахсони воломақом ба чунин либосҳо аз тарафи худи амир туҳфа мешуданд.

П. Гончарова қайд мекунад, ки санъати зардӯзии бухороӣ ҳунари меросӣ буд, он аз бобо ба падар ва аз падар ба писар мегузашт. Агар дар оила писар набошад, ин ҳунар ба ягон хеши наздик, масалан, ҷиян омӯзонида мешуд. Ба омӯзиши ин ҳунар писарбачаҳои 10-12- сола ва баъзан калонтарро ҷалб мекарданд. Ба шогирдӣ додани писар як рӯйдоди муҳим ба шумор рафта, дар ин замон як қатор маросим иҷро мешуд. Падар ё хеши наздики писарбача бо як табақ хӯроки махсус ва ҳалвои тар ба назди усто рафта, розигии ӯро барои қабул мегирифт. Баъди он ки усто ризоият дод, ҳузурдоштагон хӯрокро истеъмол мекарданд, ки рамзи кушоиши кор ба ҳисоб мерафт. Усто на танҳо омӯхтани ҳунар, балки хӯрондану пӯшондани  писарбачаро низ ба уҳда мегирифт. Байни тарафайн ягон шартномаи хаттӣ баста намешуд, таълим бепул сурат мегирифт.

Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд.

 

Насиба Фозилова,

мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №84, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш