(Чанд андеша дар ҳошияи китоби Ҳакималӣ Назаралӣ «Фанднома», Душанбе: Ирфон, 2019)
Ҳакималӣ Назаралӣ барои дӯстдорони каломи бадеъ шахси ноошно нест. Ҳарчанд шуғли асосии ӯ омӯзгорист, аммо наздик ба 50 сол инҷониб бо чакидаҳои хомаи хеш саҳифаҳои нашрияҳои давриро рангин мегардонад, дар ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо талош меварзад, ба ҳаводорони ҳаҷву ҳазл лаззат мебахшад.
Ҳакималӣ Назаралӣ ба эҷоди ҳаҷву танз майли бештар дорад, нигоштаҳояш аз ҳаёти иҷтимоӣ маншаъ мегиранд, дар рӯҳияи замон нигошта мешаванд ва ба рафъи камбудиҳои он равона мегарданд. Ҳаҷвияҳои ӯ аксар дар қолаби ҳикоя, фелетон ва эпиграмма эҷод гардида, аз ҷиҳати услуб ва тарзи нигориш вижагиҳои хос доранд. Маҷмӯаи ба тозагӣ интишорнамудаи ӯ «Фанднома» дорои чунин хусусият аст. Дар ин асар хаҷвияҳои нависанда, ки тӯли солҳои гуногун дар нашрияҳои даврӣ чоп шудаанд, гирдоварӣ шудааст.
Ҳарчанд дар ҳаҷвияҳои ин маҷмӯа набзи зиндагӣ ва каму костҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад, аммо ҳадафи муаллиф танқиду мазаммати ашхоси мушаххас ва муайян набудааст. Ҳадафи ӯ дар контексти асари бадеӣ ифшо намудани рафтору кирдор ва ҳулқу атвори бади инсонӣ ва ба ин васила тарбияи маънавии хонанда аст. Ба ин мазмун нависанда зиндагии муосиронашро аз даричаи фаҳму маърифати худ ба мушоҳида мегирад, ба муносибатҳои иҷтимоии мардум, рафтору ахлоқи онҳо эътибор медиҳад, камбудиҳои рӯзгорро ифшо месозад ва василаи ислоҳи онҳоро ҷӯё мешавад. Ӯ замонапарастиро дӯст намедорад, балки душмани замонапарастон, худхоҳон, маддоҳон, фиребгарон, бахилон, хушомадгӯён, тамаллуқкорон, лаганбардорон, маккорон, ҳиллагарон ва хислатҳои манфури инсонӣ аст. Ин ва дигар хислатҳои бади инсонӣ дар ҳаҷвияҳояш дар иртибот бо лаҳзаҳои воқеии ҳаёти иҷтимоӣ мавриди тасвиру мазаммат қарор гирифтааст. Чунончи, дар ҳаҷвияи «Гапи хуш» амалҳои дуруштгӯйиву қабеҳсуханӣ, чоплусиву лаганбардорӣ, санохониву маддоҳӣ, беҳудаву ноҷогӯйӣ, дар «Гов гашт» муносибати ноодамонаву рафтори ҳарисона, дар «Бомулоҳиза бошем» порадиҳиву хушомадгӯйӣ, дар «Анбори холӣ» нотавониву ноуҳдабароӣ, дар «Бунёдкори муҳташам» баҳодиҳии беасосу ҳарзагуфторӣ мазаммат шудааст.
Табиист, ки ҷомеа дигар мешавад ва муносибатҳои иҷтимоии мардум низ тағйир меёбанд, аммо дар зиндагии инсонҳо аносире боқӣ мемонанд, ки сохти иҷтимоъ ба онҳо таъсир расонда наметавонад. Ин гуна аносир ба шаъни инсонӣ ва анъанаи мардумсолорӣ иртибот доранд. Инсоният дар ҳар давру замон бар зидди хислатҳое, ки ба шаъну эътибораш доғ меоранд мубориза бурдаву мебарад. Дар роҳи чунин мубориза ҳама аҳли адаб ва фарҳанг талош кунанд ҳам, муборизаи ҳаҷвнигорон муассиртар аст, зеро онҳоро маҳорати ороставу перостан ва нишонрасу ҷолибтар гардонидани сухан бештар аст.
Ба Ҳакималӣ Назаралӣ ҳамин гуна маҳорат насиб гардидааст. Ӯ дар интихоби мавзӯъ озод аст, аз ҳар мушоҳидаву таассуроти иҷтимоияш маънӣ меҷӯяд ва мавзӯъ месозад. Ба ин маънӣ, мазмуни аксари нигоштаҳояш ҳосили маърифати ӯ аз ҳаёти имрӯзаи мост, ки дигарон низ дидаанду шунидаанд ва баъзан «шаҳдаш»-ро чашидаанд. Аммо, мутаассифона, барои бархе ин амалҳо чун ҳодисаи муқаррарӣ қабул шавад, бархи дигар роҳи муросоро пеш гирифтаанд. Барои нависанда чунин муносибат ва амал на танҳо ҷоиз нест, балки онро қабул карда наметавонад, барои ислоҳи он зӯраш нарасад ҳам, ба ҳоли содиркунандагони он механдад ва ба ин васила, дигаронро ҳушдор медиҳад, ки чунин набошанд.
Нигоштаҳои маҷмӯаи мазкур аз нигоҳи жанр гуногун буда, аксар дар қолаби фелетон, ҳикоя, латифа ва эпиграмма эҷод шудаанд. Дар онҳо бо вуҷуди он ки нигоранда аз аносири ҳунарӣ моҳирона кор мегирад, оҳанги иҷтимоӣ ва рӯҳи замон пурқувват аст. Чунончи дар фелетони «Шиква», ки дар ҳошияи татбиқи қонуни танзими расму оин навишта шудааст, муаллиф масъалаи даст кашидан аз баъзе одатҳои маъракаороиву маъракаравиро ба миён гузоштааст. Дар «Як дона диҳед» манъи сигоркаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати сигоркашонро ба ин талабот бозгӯ мекунад. Аммо дар ҳарду асар низ ҳадафи муаллиф тарбия аст, на маҳв кардани зарароварон ба ҷамъият.
Эпиграммаҳои ӯ, ки зери фасли «Фаслнома» ҳамчун назира ба «Сад панд»-и Убайди Зоконӣ эҷод шудаанд, низ ифодагари диди муаллиф ба зиндагии иҷтимоӣ, таассуроти ӯ ба ахлоки мардум ва намояндагони касбу кори гуногун аст, ки ба таври киноя тавсиф шудааст. Нигоштаҳои ин фасл воқеан панданд, аммо маҷозанд, маънии баръакс доранд ва бо киноя ва оҳанги баланди иҷтимоӣ эҷод шудаанд.
«Номатон дар шиноснома ғалат ёбад, аз пайи ислоҳ нашитобед, дар саҳифаи матбуот дарҷ намуда, дар оммавӣ шудани он бикӯшед. Иштибоҳу саҳвро машҳур гардондан, кашфиёт, дастовард ва ихтироъкорӣ, яъне ҳунари олист».
«Ту доноӣ, ба китоб муҳтоҷ нестӣ. Китобхонӣ мағзи сарро вайрон ва нури чашмро кам мекунад. Дар умрат ягон китоби бадеӣ нахарида будӣ. Агар дар китобе перомуни падарат ё худат сухан рафта бошад ҳам, ба он пул сарф макун».
Матолиби зери фасли «Ал-луғат» низ эпиграмма аст, ки дар пайравӣ ба асари «Даҳ фасл»-и Убайди Зоконӣ таълиф гардидааст. Дар ин луғатномаҳо маънии калимаву ибораҳо на ба маънои аслӣ, балки ба маънои киноя, ки бештар оҳанги манфӣ доранд, шарҳ меёбанд. Ба гунаи мисол: ал-ришва – туҳфа; ал-ростӣ – тухми анқо; ал-сахӣ – кисатиҳӣ; ал-шитоб – ҳаромкор; ал-масъулият– онро касе ҳис кардан намехоҳад; ал-ҳаҷв – дӯстро душман гардонидан.
Ҳакималӣ Назаралӣ дар баёни фикр ва ироаи матлаб осемакар нест, балки суханаш андешидаву санҷида аст, лаҳзаҳои воқеии ҳаётиро бо тахайюли бадеӣ моҳирона омезиш медиҳад ва ба ин васила, нигоштаҳояшро ҷаззоб мегардонад. Асрори чаззобияти нигоштаҳои ӯро, аз як тараф, сухани бонизом, мантиқи дурусти фикр, аз сӯйи дигар, истифодаи бамавриди воситаҳои ҳунари бадеӣ ва забониву услубӣ ташкил медиҳанд. Дар асарҳои ӯ ифодаву вожаҳои мақсаднок, таркибҳои муносиб, зарбулмасалу мақоли халқӣ, мисраву абёти пандомез ва ибораҳои хоси муаллиф хеле фаровон ба кор рафтааст. Ба далели фикр: хушзабон бош, то дар амон бошӣ; таърифи чанд мурид хардуздро эшон кардааст; гаштагӣ дарё шиштагӣ бӯрё; зан розӣ, мард розӣ – гӯри падар розӣ; аввал зан, охир зан ва баъд аз он зану шӯ; сабрат ганҷат диҳад, носабрӣ ранҷат; меҳмон бо дастовезаш хуш аст; зӯр гунаҳгори бегӯноҳ аст; зорӣ макун, зӯр мазан, зар бидеҳ, зар сари фӯлод ниҳӣ нарм шавад; ин хона қашанг аст, вале хонаи мо нест;, вақт рафт нақд рафт; ба харе, ки бор надорӣ, чӣ кор дорӣ; гандум бар дидаи мардум ҳамеша азиз аст;деги сиёҳ даркор шуд, хешу табор бисёр шуд, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ, обро лой карда моҳӣ медорад;, номи баланд, беҳ аз боми баланд; чун покем дар набард бебокем…..
Дар асарҳои Ҳ. Назаралӣ ҳаҷву танз дар як қатор истанд ҳам, баъзан мавқеашонро тағйир медиҳанд. Дар баъзе асарҳо («Гапи хуш», «Бомулоҳиза бошем», «Қурбонӣ», «Нуқс», «Дег ва сиёҳӣ», «Шиква») ҳаҷви нисбатан тезу тунд афзалият дошта бошад, дар бархе аз асарҳои дигар («Гов гашт», «Ҳамном», «Анбори холӣ»…) лутфу зарофат бартарӣ дорад. Бо вуҷуди ин, яке аз вижагиҳои хоси ҳаҷвиёти нависанда дар он аст, ки ҳаҷву танз ба ҳам омезиш меёбанд ва дар ҳамбастагии якдигарӣ саҳнаи томро ба вуҷуд меоранд ва онро ба намоиш мегузоранд.
Ҳамин тавр, «Фанднома»-и Ҳ. Назаралӣ маҷмӯаи осори ҳаҷвӣ ва танзиест, ки тӯли солҳои гуногун эҷод шуда, муносибати муаллифро ба амалҳои зишт, одатҳои бад, ахлоқу рафтори ношоям ва умуман, хислатҳои манфури инсонӣ ифода мекунад ва садоқати ӯро дар мубориза бо ин амалҳо нишон медиҳад.
Мурод Муродӣ,
профессори ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр