Нашрияи Омӯзгор

Заминагузорони рушди илм

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Рушди илм дар Ватани маҳбуби мо таърихи рангину бостонӣ дорад. Олимони тоҷик дар ғанисозии ганҷинаи илми ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд.

Ақидаи нодурусте мавҷуд аст, ки гӯё олимони тоҷик асосан ба илмҳои адабию гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаву илмҳои дақиқро чандон ба эътибор нагирифтаанд ва дар ин илмҳо комёбии назаррас надоранд. Ҳол он ки донишмандони барҷастаи тоҷик аз ҷониби пажӯҳишгарони воқеъбину беғараз ҳамчун бунёдгузорони як силсила илмҳои дақиқу табиӣ шинохтаву эътироф шудаанд. Гурӯҳе бар он   назаранд, ки заминагузори рушди илмҳо дар Аврупо маҳз такомулу ривоҷи илмҳо дар минтақаи Осиё (аз ҷумла, дар сарзамини тоҷикон) мебошад. Яъне, тулӯи илми ҷаҳонӣ мутааллиқ ба ниёгони донишвару пажӯҳишгари мост. Олимони классики тоҷик дар қатори илмҳои адабӣ дар равнақи илмҳои тиб, риёзӣ, география, нуҷум, ҳандаса… нақши барҷаставу мондагор  гузоштаанд. Ҳиссаи олимони мо дар инкишофи илми химия низ муҳим арзёбӣ мешавад. Олимони химияшиноси тоҷик дониши бағоят васеъ ва бунёдӣ доштаанду ҳамчун аллома (энсиклопедист) шинохта мешудаанд. Гурӯҳи калони олимон-ниёгони барӯманди мо Холид ибни Язид, Ҷобир ибни Ҳайён, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯмансури Форобӣ, Шаҳриёр ибни Шаҳриёр ва чанде дигар ба илми химия гаравидаву таҳқиқоту пажӯҳишҳои муҳимеро анҷом бахшидаанд ва дар ин замина аз худ осори муҳими илмӣ боқӣ гузоштаанд. Масалан, Ҷобир ибни Ҳайён (асри 8 ва ибтидои асри 9) аз маъруфтарин олимони химиядон дар Шарқу Ғарб маҳсуб  меёбад. Ин донишманди тоҷик дар олами илм нахустин шуда кислотаҳои сулфат ва нитратро ҳосил кардааст ва оид ба хосиятҳои нитрати нуқра ва хлориди симоб маълумоти васеъ ва муҳим додааст. Ибни Ҳайёнро асосгузори химияи таҷрибавӣ эътироф бинмудаанд.

Асарҳои навоваронаву дар арсаи ҷаҳон беҳамтои Закариёи Розӣ аз 20 адад бештаранд. Ӯ нахустин лабораторияи химиявӣ ва ҳамбаста ба он дармонгоҳро таъсис додааст. Розӣ аввалин шуда дар таърихи химия моддаҳоро ба се гурӯҳ-ҳайвонотӣ, минералӣ ва набототӣ ҷудо кардааст. Донишманди бузурги тоҷик, аллома Абӯалӣ ибни Сино бо кашфиёти нодири худ дар таърихи илмҳои дақиқ, аз ҷумла, химия инқилобе ба вуҷуд овардааст. Сино вобаста ба муайянсозии хусусиёти химиявии ашё дорувори зиёдеро ҳосил бинмудааст…

Илми химия, чунонки мебинем, дар таърихи халқи тоҷик бунёди қавӣ дорад ва имрӯз низ олимони тоҷик анъанаҳои неки ниёгони беназири худро идома мебахшанд.

 

Мавҷуда Бобоева,

омӯзгори химия, биология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш