Нашрияи Омӯзгор

Ҳамбастагӣ мебояд

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Дар меҳвари тарбияи насли наврас, ба таври маълум, оила ва мактаб қарор доранд.

Ҳар қадар ин ду ниҳод аз асосҳову омилҳои тарбия огоҳ бошанду дар самти назорати кӯдакону наврасон ҳамкорӣ намоянд, ҳамон қадар ба муваффақият  дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.

Волидон ва омӯзгорон бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд, ки кӯдак бо муҳити дигаре низ (илова ба мактабу оила) ҳамбастагӣ дорад ва аз он ҳамвора таъсир мепазирад. Ин муҳит кӯча, бозӣ, муоширати озод мебошад. Бояд иқрор шуд, ки муҳити кӯча дар ҷомеаи кунунии мо ба кӯдакону наврасон бештар таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамаи мо шоҳидем, ки  риояи одоби муошират дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ байни ҷавонону калонсолон дар сатҳи паст қарор дорад. Онҳо беибо ва гоҳе бешармона бо ҳам сухани қабеҳу нафратовар мегӯянд, ҳамдигарро рӯирост таҳқир мекунанд, ҳатто, аз дашномгӯӣ худдорӣ наменамоянд. Ин гурӯҳ аз он ки дар наздашон кӯдакон қарор доранд, заррае намеандешанд. Кӯдакон, ки табиатан ба калонсолон эътиқодманданд, гумон мекунанд, ки чунин ҳарф задан равост, ҳеҷ зараре надорад, як гуфтугӯи муқаррарист. Ҳамин тавр, дар захираи луғавии хурдтаракон аввалин суханҳову ифодаву ибораҳои қабеҳ пайдо мешаванд ва онҳо беибо ба ҳамдигар ин суханҳоро мегӯянд, дар суҳбату муошираташон истифода мебаранд ва ҳатто, аз ин завқ менамоянд, хурсандӣ мекунанд, ки чун калонсолону бародаронашон ҳарф мезананд. Ин вазъи хеле ташвишовар аст ва ислоҳ карданаш осон ба даст намеояд. Ин ҳам ташвишовар аст, ки ҷавонони мо, умуман ва низ дар ҳузури кӯдакон бо шеваю лаҳҷа ва бо забони махлут (бештар омехта бо русӣ) сухан мегӯянд ва кӯдакон аз онҳо  «забон» меомӯзанд.

Аз ин ҷост, ки  забони аксар кӯдакон саршор аз вожаву ифодаҳои ғайриадабии махлут аст, онҳо аз забони адабӣ фарсахҳо дуранд, забони адабӣ  барояшон номафҳум ва ҳатто гоҳе номатлуб менамояд. Дар бисёр мавридҳо забони аҳли оила ҳам забони ҷавонони каммаърифати кӯчаро тақвият медиҳад ва дар натиҷа кӯдак таъсири дучанд мепазирад. Ин гуна вазъият ва муҳит кори таълиму тарбияи шогирдонро дар мактаб  барои устодон хеле ва хеле гарон мекунад. Аз ин рӯ, тақозо мешавад, ки дар тарбияи кӯдакон ҳар се ниҳод-мактабу оилаву ҷомеа ҳамкории устувору ҳамешагӣ дошта  бошанд, вагарна таъсири тарбия  хеле коҳиш хоҳад ёфт.

Раҳима Бобохонова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш