Нашрияи Омӯзгор

Баҳогузорӣ масъулият мехоҳад

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Баҳогузорӣ аз рӯи дониш ва сатҳу саводи хонандагони ақлан заиф масъалаи хеле нозуку ҳассос мебошад.

Зеро баҳогузорӣ ба зеҳни  кӯдакони ақлан заиф таъсир расонида, барои озодона муносибат ва дархости  онҳо мусоидат намуда, ҳавасмандии онҳоро нисбат ба дарс зиёд мегардонад Сатҳи баланди баҳогузорӣ яке аз роҳҳои асосии таълиму тарбия дар хониш ва вазифаи асосии мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ ва мактабҳои ёрирасон мебошад.

Баҳо бояд на фақат муваффақиятҳои таълимиро дар бар гирад, балки натиҷаҳои фаъолият ва шахсии хонандаро низ инъикос намояд.

Баҳо бояд ба сатҳи талаботи хонанда ҷавобгӯ бошад. Вайрон кардани яке аз омилҳои баҳогузорӣ таъсирбахш набуда, ба фаъолияти хонанда ва муносибати ӯ бо муаллим таъсири манфӣ мерасонад.Агар хонанда таъсири баҳогузориро хуб дарк кунад, он гоҳ он натиҷаи мусбат хоҳад дод.

Тадқиқот ва санҷишҳои методӣ нишон доданд, ки фаҳмиши дурусти меъёри баҳогузорӣ самара ва натиҷаи хуби истифодабарӣ дар худбаҳодиҳӣ буда метавонад, ба шарте ки хонанда фаҳмад, барои чӣ муаллим  чунин баҳо мондааст. Агар мақсад норавшан бошад, ин гуна баҳоро баҳои беадолатона меноманд.

Дар вақти хониш дар мактаб таъсири баҳогузорӣ аз тарафи муаллим бо гирифтани корҳои  хаттӣ ва ҷавобҳои даҳонӣ санҷида мешавад. Хонандагон оҳиста-оҳиста моҳияти баҳои  гузоштаро  ҳис мекунанд. Аммо  хонандагони зеҳнашон кунд нисбат ба  дигар хонандагон ин давраи мушкилро хеле дер дарк мекунанд. Дар синфҳои ибтидоӣ хонандагон ба нишондодҳои воқеӣ сарфаҳм намераванд. Фаҳмиши баҳомониро дар синфҳои 3-5 омӯхта, хонандагон маънои онро дарк мекунанд, ки баҳои 5 хуб ва баҳои 2 бад аст.

Дар байни хонандагони мактаб - интернати мо 7%-и хонандагон ба тарзи  баҳогузорӣ сарфаҳм мераванд (синфҳои болоӣ). Бача бояд донад, ки барои чӣ баҳои хуб  ё бад гирифтааст.

 

Усмон КАТАМАРДОВ,

омӯзгори мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2-и  шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш