Нашрияи Омӯзгор

Агар мураббӣ  фаъол бошад...

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

Баъди дарсҳо иҷрои вазифаи таълимии хонагӣ - дарстайёркунӣ лаҳзаи муҳими реҷаи рӯз маҳсуб меёбад. Маълум аст, ки он ҷанбаҳои зеринро фаро мегирад: такрор ва мустаҳкам намудани маводи нави дар дарсҳо  омӯхташуда; мустақилона  омӯхтани маводи иловагӣ тибқи мавзӯъ ва ниҳоят, дар таълими минбаъдаю фаъолияти амалӣ  татбиқ намудани донишҳои ҳосилгардида.

Дар интернатҳои наздимактабӣ, дар як бино ба дарстайёркунӣ муттаҳид намудани ҳамаи талабагон ба ҳукми анъана даромадааст. Маъмулан синфхонаҳои мазкур махсусгардонида мешаванд, яъне бо тахтаи синф, бӯр, харита, ҷадвал ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин карда мешаванд. Дар интернатҳое, ки  шумораи тарбиятгирандагонашон аз 30-40 нафар зиёд нест, ҳамин гуна ташкил кардани ҷараёни дарстайёркунӣ то андозае самарабахш аст. Аммо дар интернатҳое, ки шумораи хонандагон зиёданд, ташкили дарстайёркунӣ дар як бино қобили қабул нест, ҳатто то андозае зарарнок аст, зеро дар ин гуна шароит мутамарказ намудани диққат номумкин аст. Тарбиятгар ба ҷои он ки ба хонандагони эҳтиёҷманд кумак намояд, ҷараёни корро зери назорат гирад, вақти худро бештар ба нигоҳ доштани тартибот сарф мекунад ва табиист, ки дар чунин муҳит кор самар намедиҳад.

Бинобар ин, агар дарстайёркунӣ дар синфхонаҳо ва кабинетҳо, дар муҳити мактаб бевосита гузаронида шавад, беҳтар аст. Чунин вазъ имконият медиҳад, ки хонандагон ба як чанд гурӯҳ тақсим шаванд ва барои ҳар яки он ҳолати зарурии корӣ фароҳам оварда шавад. Баъдан аз зумраи хонандагони фаъоли синфҳои гуногун гурӯҳи комилан мустақил ҷудо карда мешавад.

Тарбиятгарон кӯшиш мекунанд, ки дар вақти дарстайёркунӣ вазъияти психологии ба шароити хона наздикбударо ба вуҷуд оваранд. Ба мубодилаи хомӯшонаи ақидаҳо ва дар мавриди зарурӣ ба оромона дар синф ва назди тахтаи синф омадани талабагон ё ба асбоби зарурӣ наздик шудани онҳо иҷозат дода мешавад ва ҳоказо. Шогирдон бо майлу хоҳиши худ танаффус мекунанд, дар айни ҳол иҷозат дода мешавад, ки дар як вақт аз синф на зиёда аз ду нафар талабагон бароянд.

Тарбиятгарони ботаҷриба дар вақти дарстайёркунӣ ба ҷузъиёт роҳ намедиҳанд.

Муваффақияти дарстайёркунӣ ба андозаи калон бо собитқадамона ва аниқ иҷро кардани вазифаҳои хонагӣ ва аз рӯи вақт ба тартиб даровардани онҳо муайян карда мешавад.

Тарбиятгар бояд ба кори талабагон аз болои иҷрои вазифаҳои хонагӣ диққати даркорӣ диҳад ва ба таври қатъӣ назорат кунад (бо мақсади таъмини мустақилият, огоҳкунии нусхабардорӣ ва сари вақт ёрӣ расондан ба эҳтиёҷмандон). Пурра ва дуруст иҷро намудани супоришҳои хаттӣ дар рафти ба ҷо овардани кор ва дар охири он низ санҷида мешавад. Фанҳои даҳонакиро бо пурсиши фронталӣ ва фардии талабагон, хусусан, талабагони дарсҳоро суст ҳазм мекардагӣ санҷидан мумкин аст. Барои назорати хонандагони суст талабагонеро, ки дарсҳоро нағз аз худ мекунанд, ба ёрӣ ҷалб кардан мумкин аст. Ҳамзамон, бо хонандагони сустхон бо реҷаи фардӣ бояд  кор кард.

Дар вақти тайёр кардани вазифаҳои даҳонакию хаттӣ дар назар доштан лозим аст, ки бисёр бачаҳо ба усули бо овози баланд ва танҳо аз ёд кардани дарсҳо одат кардаанд. Дигар талабагон бошанд, дукаса ё дар гурӯҳи начандон калон бомуваффақият кор мекунанд, сеюмиҳо ба он эҳтиёҷ доранд, ки чизи ёдкардаашонро ба касе нақл кунанд, он гоҳ онҳо дарсро беҳтар дар ёд нигоҳ медоранд ва ҳоказо. Тарбиятгар бояд ҳамаи инро ба эътибор гирад, феълу одоби бачаҳоро донад ва мувофиқи онҳо барои кори мустақилонаи шогирдон шароити зарурӣ фароҳам оварад.

Маҳбуба Каримова,

мураббии хонаи кӯдакони № 2,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш