Нашрияи Омӯзгор

Ростӣ растагорист

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 887        Шарҳ: 0

 

Дар ниҳоди хонандагон тарбия кардани хислатҳои неки инсонӣ аз муҳимтарин вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Аҳли илми педагогика тарбияро афзалтару муқаддамтар аз таълим донистаанд ва воқеан, шахси тарбиятнодидаву беадаб ҳаргиз дар омӯзиш муваффақ шуда наметавонад ва агар донишманд шавад ҳам, чун хулқи неку надорад, манфиатрасони ҷомеа шуда наметавонад, оқибат шармсор мегардад. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки «олим шудан осон, одам шудан душвор». Яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки ба ӯ шаъну шарафу обрӯю эҳтиром ва пирӯзӣ эҳдо мекунад, ростию росткорист. Инсон бояд аз хурдӣ ба ростӣ хӯ бигирад ва ҳамеша якрӯву ҳақгӯ бошад, ҳаргиз аз роҳи рост берун наравад. Роҳи рост, ки маънои рамзӣ дорад, ҳар касро оқибат ба манзили мурод мерасонад. Аз ин ҷост, ки аҳли хирад ситоиши ростию росткорӣ кардаанд ва ин хислатро шарафбахши инсон донистаанду таъкид бинмудаанд: «Бори каҷ ба манзил намерасад», «Ростӣ растагорист», «Ростиро завол нест».

Ин мавзӯъ дар адабиёти бадеӣ низ мавқеи густурда дорад. Чунончи, ин байти Сайидои Насафӣ хеле машҳур аст ва дар сатҳи баланду дилписанд гуфта шудааст:

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,

Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

Каҷравию каҷгуфторӣ оқибат касро ба варта мекашаду боиси шармандагию бешарафиаш мешавад. Аз роҳи каҷ, ки рамзи каҷравию аъмоли бад аст, барҳазар бояд буд. Ростиро пеша бояд карду аз ҳама гуна нокомию фалокатҳо эмин бояд монд, зеро:

Ҳамеша росткорон растагоранд,

Ки ғайри ростӣ коре надоранд.

Дар замони мо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву таҳрибкор гаравидан як навъ аз роҳи рост берун рафтан ва бо аъмоли ношоиста пайвастану каҷраву каҷгуфтор гардидан мебошад. Шахсе, ки ба ростӣ эътимод дораду таҳсилдидаву маърифатманд аст, ҳаргиз ба ин гуна рафтор роҳ намедиҳад ва дигаронро низ барои барҳазар будан аз ҳамнишинӣ бо ифротгароён ҳидояту даъват менамояд.

Мо, аҳли таълиму тарбия, бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ бидиҳем ва бар он бикӯшем, ки шогирдонамон зери таъсири тарбияву ҳидояту раҳнамоии мо ростиро мароми зиндагии худ бипазиранд, аз каҷравӣ барҳазар бошанд, хуб донанд, ки:

Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,

Зи кажжӣ батар ҳеҷ андеша нест.

 

Дилором САЛИМОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш