Ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносию ҳувиятхоҳии хонандагон ҳанӯз аз синфҳои поёнӣ бояд таваҷҷуҳи ҳаматарафа зоҳир намуд.
Зинаи ибтидоии таҳсилот дар шинохти ватан, ифтихор аз таърихи гузаштаи халқи тоҷик, қаҳрамонони муборизи роҳи озодӣ ва истиқлолиятхоҳии кишвар, ки бешак дар бедории шуури насли наврас такони ҷиддӣ мебахшад, дар ин самт нақши барҷастаро доро мебошад. Дар синфҳои поёнӣ зарур аст, то шогирдонро бо мавзӯъҳои садоқат ба ватан, дӯст доштани ҳар як ваҷаб хоки марзи аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ шинос намоем. Ҳангоми баргузории машғулиятҳои тарбиявӣ аз харитаҳои гуногун, филмҳои мустанади таърихӣ, китобҳои бадеӣ ва ғайра истифода бояд кард. Маҳз тавассути харита ба хонандагон дар бораи сарзамини қадимии тоҷикон, ҳудудҳои таърихии он, шаҳрҳо ва дар маҷмӯъ, тамаддуни пешрафтаи гузаштагонамон метавон ба хонандагон маълумоти мушаххас дод. Бо истифода аз филмҳои мустанад перомуни диловарию шуҷоат ва муборизаи ватанхоҳонаи қаҳрамонони миллати тоҷик, амсоли Рустами Достон, Сиёвуш, Шерак, Спитамен, Маҳмуди Торобӣ, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ ва ҳазорон нафари дигар, ки ба муқобили истилогарони аҷнабӣ муқовимату истодагарӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони худро қурбон кардаанд, нақл карда, марҳалаҳои таърихии саркӯб намудани душманонро тавзеҳу тафсир бахшидан мумкин аст. Ба хонандагон дар бораи аввалин давлатдориҳои тоҷикон, аз ҷумла, давлати Сосониён нақл намуда, омӯзгор хотиррасон мекунад, ки ин давлати пуриқтидор зиёда аз 400 сол арзи ҳастӣ карда буд. Маҳз дар қаламрави ин мамлакат илму фарҳанг ва адабиёту санъат рушду нумӯъ карда буд, ки мисоли воқеии он таъсиси маҷмааи тиббии «Гунди Шопур» ба ҳисоб меравад. Замони давлатдории Сомониён нуқтаи олии авҷи тараққиёт ба шумор рафта, дар ин мамлакат адабиёти сирф миллӣ-тоҷикӣ бо зуҳури Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Робияи Балхӣ ба вуҷуд омада буд. Аммо давлати Сомониён дар заминаи холӣ арзи ҳастӣ накарда буд. Баҳри ташаккулу таҳаввули ин давлати абарқудрат қаблан сулолаҳои Тоҳириёну Саффориён замина гузошта буданд. Ба шогирдон ҳангоми баргузории дарсҳои тарбиявӣ ба ҷанбаҳои таърихии мавзӯъҳо диққат додан аҳамияти бузург дорад.
Раҷабгул Холова,
омӯзгори синфҳои
ибтидоии гимназияи иқтисодии
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр