Нашрияи Омӯзгор

Ҳайати воломақоми Афғонистон дар ДДД

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон сол ба сол густариш меёбанд. Чанде пеш ҳайати меҳмонони воломақом аз Афғонистон ба Донишгоҳи давлатии Данғара ташриф оварданд.

Мақсади боздиди меҳмонон шиносоӣ бо вазъи донишомӯзии донишҷӯёни афғон  дар ДДД ва баланд бардоштани ҳисси башардӯстӣ ва эҳтироми байни миллату халқиятҳо дар ниҳоди тамоми донишҷӯён маҳсуб меёфт. Меҳмононро роҳбарияти ДДД ва донишҷӯён дар саҳнаи канори гулгулшукуфони назди таълимгоҳ бо гулу гулдастаҳо ва суруду таронаҳои тоҷикию афғонӣ истиқбол намуданд.

Ҷамъомадро дар толори фарҳангии ДДД, муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода Умед ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мақсаду мароми ин вохурӣ ва бо ҳайати меҳмонон шинос намуд.

Волии вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Файсал Бегзод  ва раиси донишгоҳи Файзободи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Хусрав Назарӣ оид ба хизматҳои содиқонаи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя ибрози назар намуданд.

Хусрав Назарӣ афзуд, ки донишгоҳи мо соли 1998 таъсис ёфта, аз 8 факулта, 25 ихтисос, 160 нафар устод иборат буда, 6 ҳазор нафар донишҷӯ дар он касб меомӯзанд. Мо тайёр ҳастем бо Донишгоҳи давлатии Данғара барои ҳамкории дуҷониба дар риштаи илм ёддошти тафоҳум ба имзо расонем.

Сипас, меҳмонон бо донишҷӯёни афғон, ки дар ДДД таҳсил менамоянд, аз наздик вохурӣ барпо намуда, бо онҳо суҳбат оростанд.

Донишҷӯи ДДД аз Афғонистон Аҳмадшоҳ Ҷонбоз, ки дар курси 3, ихтисоси геологияи нафту газ таҳсил дорад, андешаҳояшро чунин баён намуд: Мо аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон 4 нафар дар ДДД таҳсил дорем. Аз ташрифи намояндагони воломақоми кишвари Афғонистон, ки барои мулоқоту дидорбинӣ омадаанд, миннатдорем.Орзу дорем, ки донишгоҳро бомуваффақият хатм карда, оянда барои халқу миллати азияткашидаамон содиқона хизмат намоем.Бигузор ҷои яроқу силоҳро китобу қалам гирад.

Ректори ДДД, доктори илмҳои педагогӣ  Нуралӣ Шоҳиён барои ташриф ва суханрониҳояшон дар татбиқи  сулҳу дӯстии миллатҳои ба ҳам дӯсту ҳамсояи тоҷику афғон ба меҳмонон изхори сипос  намуд.

Асомиддин   АЗИЗОВ,                                                                                                                                     

сардори Маркази таълимӣ -

тренингии мероси таъриху

фарҳанги ориёӣ ва кор бо

нашрияҳои даврии ДДД


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш