Солҳои охир инсоният ба бемориҳое гирифтор шуда истодааст, ки олимон аз муолиҷаи он оҷиз мондаанд. Яке аз онҳо СПИД (ибораи ихтисоршудаи «синдром приобретённого иммунодефицита», яъне «бемории норасоии масунияти бадан») мебошад. СПИД марҳилаи ниҳоии ВИЧ (вируси норасоии масунияти бадан) аст.
Ҳангоми заиф гаштани системаи масуният одам ба бемориҳои гуногун ва махсусан, сироятӣ (сил, илтиҳоби шуш) осебпазир мешавад. Ба ҳамин минвол, агар ВИЧ СПИД харобсози системаи масунияти одам бошад, ВИЧ маҷмӯи бемориҳоест, ки дар заминаи масунияти заифгашта пайдо мешавад.
ВИЧ ҳар гуна ҳуҷайраҳоро сироят намуда, аввал ҳуҷайраҳои худмуҳофизатии баданро нобуд месозад. Ин гуна шахсро «ВИЧ – сироятшуда» меноманд. Аз вақти сироятшавӣ бо ВИЧ то инкишофи бемории СПИД метавонад солҳои зиёд гузарад ва дар ин фосила шахси сироятшуда худро нағз ва солим ҳис карда метавонад ва намедонад, ки вай сироят ёфтааст. Дар бадани инсон ВИЧ метавонад чандин сол зиндагӣ кунад. Роҳи ягонаи сироятёбӣ санҷиши хун ба воситаи таҳлили лабораторӣ, яъне санҷиши миқдори антителаҳо бар зидди ВИЧ аст.
Дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе, хушбахтона, шуъбаи махфии Маркази ҷумҳуриявии мубориза алайҳи СПИД вуҷуд дорад ва муайян кардани ташхиси хуни муроҷиаткунанда чандон душвор нест. Албатта, ин ҷо ихтиёриён меоянд ва пас аз даҳ – бист дақиқа бо натиҷаи озмоиши лабораторӣ шинос мегарданд. Хунгирӣ ва дигар навъҳои хизматрасонӣ дар ин ҷо ройгон буда, ному насаби бемор пинҳон дошта мешавад.
Ба ин беморӣ гирифтор шудан ё нашудан ба худи мо вобастагии калон дорад. Ақидаи ба марг маҳкум будани мубталоёни бемории СПИД бояд рад карда шавад. Охир, ба беморе, ки дар дами марг аст, намегӯянд, ки ӯ мемирад. Мутаассифона, сол то сол сафи мубталоёни бемории ВИЧ зиёд шуда истодааст ва сабабҳои пайдоиш аз тарафи мутахассисон муайян гардидааст. Афзоиши шумораи касоне, ки маводи мухаддирро тавассути сӯзандору ба ҷисми худ равона мекунанд, яке аз омилҳои рушди гирифторони вируси норасоии масунияти бадан дар кишвари мо мебошанд. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳаи тандурустӣ, 70 фоизи маводи мухаддирро дар кишвар аз шумораи умумии гирифторони ин бемории мудҳиш тавассути сӯзандору истеъмол карданд ва аксарияти онҳоро ҷавонони аз 18 то 28 - сола ташкил додаанд.
Беморон, бахусус, нашъамандони тазриқӣ, ки ба ВИЧ гирифтор мешаванд, бояд ба ёрӣ ва кумаки ихтисосмандон фаро гирифта шаванд. Онҳо худашон ҳам иқроранд, ки хато кардаву кунун пушаймонанд, дигар онҳоро таънаву маломат, сарзаниш кардан норавост. Беҳтар он аст, ки баҳри муолиҷаашон роҳҳои мувофиқро ҷустуҷӯ карда, ба табобати ҷиддӣ фаро бигирем. Мутахассисони соҳа хуб медонанд, ки ин бемории хеле хавфнок буда, аз насл ба насл гузаранда аст. Бинобар он, сол ба сол пайдо шудани нуқтаҳои маслиҳатпурсиву озмоишӣ ба манфиати кор аст.
Сироятёфтагони ВИЧ аз СПИД не, балки аз фориғболӣ нисбат ба ӯ мемиранд. Олимон барои дарёфт намудани дору ва дармони сирояти ВИЧ солҳои сол кор карда истодаанд. Дар айни замон табобати зидди- ретровирусӣ барои сироятёфтагони ВИЧ дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон васеъ истифода мешавад. Ин роҳи табобат ба сироятёфтагони ВИЧ имконият медиҳад, ки солҳои дароз зиндагии фаъол намоянд. Аз ин рӯ, ҳатто дар ҳолати гирифтор шудан ба сирояти ВИЧ инсон набояд аз зиндагӣ ноумед гардад, балки фавран ба мутахассисон муроҷиат намуда, ба табобати зиддиветровирусӣ фаро гирифта шавад.
Барномаҳои зиёде оид ба мубориза алайҳи ВИЧ / СПИД дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба пешгирии густариши вирус дар миёни гурӯҳҳои осебпазир нигаронида шудаанд. Аммо сирояти оммавии кӯдакон моро маҷбур месозад, ки сари боз як «гурӯҳи осебпазир» - беморони муассисаҳои тандурустӣ фикр намоем. Бояд гуфт, гурӯҳи дигари осебпазир муҳоҷирони меҳнатӣ маҳсуб меёбанд. Садҳо нафар мардикорони тоҷик дар Россия заҳмат мекашанд ва мо наметавонем ба вазъи ВИЧ СПИД дар ин мамлакат бетаваҷҷуҳ бошем.
Бино ба иттилои муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирзомуддин Камолзода, ба шахсони бо ВНМО – вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табобати зиддиретровирусии ройгонро бо сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ кафолат додааст. Айни замон др ҷумҳурӣ 320 ташхисгоҳ баҳри дарёфти хулоса дар робита ба ВНМО, 42 дастгоҳи ташхиси иммуноферментӣ, (ИФА), се дастгоҳи муайянкунандаи таҷзияи занҷираи полимеразӣ, 11 дастгоҳи скрининги сил ва муайянкунандаи сатҳи сарбории вирусӣ ва 7 дастгоҳи муайянкунии ҳуҷайраҳои СD фаъолият доранд. Инчунин, барои саривақт муайян кардани сироятёфтагон бо ВНМО дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ 51 ҳуҷраи хизматрасонӣ ташкил шудааст.
- Соли 2015 тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Барномаи пешгӯикунандаи «Спектрум» (ташкилоти ЮНЭЙДС) дар мамлакат тақрибан 16 300 нафар бо сирояти ВНМО зиндагӣ мекарданд, ки 62, 5 фисади онҳо оид ба сироятнок будани беморӣ огоҳӣ надоштанд. Дар натиҷаи беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, маърифатӣ ва ташхисӣ дар байни аҳолӣ нишондиҳанда дар соли 2017 – 2018 хеле беҳтар гардида, мувофиқи баҳодиҳии ташкилоти мазкур теъдоди тахминии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда аз 62, 5 то 47, 3 фоиз коҳиш ёфт, - афзуд М. Камолзода.
Олимон дармони пурраи сирояти ин бемориро наёфта бошанд ҳам, табобати зиддиретровирусӣ қадами аввал дар ин самт мебошад. Умед аст, ки минбаъд мутахассисон ҳатман дорую дармони ВИЧ – ро пайдо хоҳанд кард.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр