Нашрияи Омӯзгор

Санъати сарварӣ дар муассисаи таълимӣ

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 880        Шарҳ: 0

 

Роҳбарӣ амали мушкилу мураккаб аст ва санъати баланду кордониву маҳорату малака ва дониши комил тақозо дорад. Беҳуда нест, ки роҳбаронро барои тамоми муассисаву коргоҳҳо аз ҳисоби ашхоси эътирофшуда, соҳибхираду таҷрибадида интихоб менамоянд.

Чунин ба назар мерасад, ки роҳбарӣ ба кори мактаб, ба ҷараёни таълиму тарбия амали бештар мураккабу заҳматталаб мебошад. Барои роҳбарӣ ба таълимгоҳҳо риояи омилҳои зиёде зарур аст ва ин омилҳоро як бахши илми педагогика меомӯзад, ки мактабшиносӣ ном дорад. Мактабшиносӣ ҳунари идоракунии мактаб, таҷрибаи мактабҳо ва роҳбарони онҳо, ҳуҷҷатҳои марбут ба соҳаро меомӯзад. Дар меҳвари мактабдорӣ муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Сарвари кишвар, талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» асноди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон … қарор доранд.

Роҳбарони асосии мактаб директор ва ҷонишинони ӯ маҳсуб меёбанд. Онҳо бояд мутахассисони варзида, аз асосҳои илми роҳбарию мактабшиносӣ бохабар ва донандагони мумтози асноди марбут ба соҳаи маориф бошанд. Соҳиби фазилатҳои неки инсонӣ дар муошират, мулоҳизаронӣ ва дар ҷаласаҳо будани роҳбарони мактаб обрӯафзои онҳо мешавад. Роҳбаре, ки дар байни кормандон эътирофшуда нест, муносибати хуб надорад ва сатҳи донишу бинишаш паст аст, ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳад шуд. Роҳбарони мактаб, пеш аз ҳама, бояд кулли омӯзгоронро хуб омӯзанд, аз сатҳи донишу маҳорату малакаи онҳо огаҳӣ ёбанд, бо ҳар корманд дуруст муносибат карда тавонанд. Онҳо бояд пайваста зери назар дошта бошанд, ки кадом омӯзгор ба чӣ комёбию пешрафте ноил гаштаасту чӣ гуна ҷидду ҷаҳд дорад ва кадом омӯзгор дар ин ё он масъала ба мушкилие печидааст, сустӣ мекунад ва ё масъулиятношиносу саҳлангор аст. Мукофотонидани омӯзгорони фаъолу кӯшо, дастгириву раҳнамоии кормандони эҳтиёҷманд ва ба мушкилие печида ва низ танбеҳу ҳушдор додан ба онҳое, ки бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд, аз рукнҳои муҳиму маромбахши фаъолияти роҳбарони мактаб мебошад. Дар кори роҳбарӣ ба мактаб назорати дохилимактабӣ мавқеъ ва аҳамияти махсус дорад. Назорати муназзам ва самарманду холисонаи фаъолияти омӯзгорон аз ҷониби роҳбарони мактаб масъулияти мутахассисонро дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳояшон дучанд мекунад ва ҳамзамон ба онҳо барои такмили ихтисосу таъмини комёбиҳояшон ва бартарафсозии камбудиҳояшон мадад мерасонад. Дар ҳар таълимгоҳе, ки назорати дохилимактабӣ хуб ба роҳ монда шуда бошад, албатта, муваффақият таъмин мешавад. Назорати дохилимактабӣ бояд тамоми паҳлуҳои фаъолияти омӯзгорон ва ҳамаи кормандонро фаро гирад. Ҳар гоҳ дар шӯрову ҷаласаҳои мактабӣ ҷамъбаст кардани натиҷаҳои назорати дохилимактабӣ ва дар ин замина шунидану баррасӣ намудани фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти кормандон ба пешравии кор мусоидат хоҳад кард…

Мактабшиносӣ бахши хеле фарогири илми педагогика аст ва роҳбарони мактабҳоро мебояд, ки аз навгониҳои ин бахш пайваста огаҳӣ дошта бошанд.

 

Дилором САЪДУЛЛОЕВА,

директори мактаби №20-и

ноҳияи Шоҳмансур,

Рудоба ҲОМИДҶОНОВА,

ҷонишини директор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш