Нашрияи Омӯзгор

Омодагӣ ба кори эҷодӣ

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 851        Шарҳ: 0

 

Дар таълиму тарбияи хонандагон корҳои хаттӣ нақши муҳим доранд. Ба навиштани корҳои хаттӣ хонандагонро аз зинаи аввали таҳсил дар мактаб омода бояд намуд. Маълум, ки ин гуна корҳо омодагӣ, лаёқату истеъдод ва маҳорату малака мехоҳанд.

Корҳои хаттӣ қобилияти дарккунӣ, андешаронӣ ва хулосабарории шогирдонро такмил мебахшанд. Навъҳои гуногуни чунин шакли фаъолияти донишандӯзии хонандагон мавҷуданд: иншои хурд, эссе, тезис, маърӯза, ҳикояча… Дар синфҳои болоӣ нисбат ба ҳама гуна корҳои эҷодии шогирдон иншо афзалият пайдо мекунад. Ҳангоми санҷишҳои марҳилавӣ ва ё хатми синфи муайяне ва низ зимни хатми мактаб асосан иншо (эссе) навиштан талаб карда мешавад. Корҳои хаттӣ воситаи муҳими дар хонандагон ташаккул бахшидани қобилияти эҷодкорӣ ва майл ба эҷоди бадеӣ мебошанд. Ҳар қадар хонанда ба навиштани корҳои хаттии хусусияти эҷодӣ дошта майл намояд, ҳамон қадар ӯ дар таҳсил фаъол хоҳад буд.

Педагогика ба раванди тадриҷан аз сода ба мураккаб гузаштан бартарӣ додааст. Унсурҳои эҷодкориро дар хонандагон дар зинаи аввали таҳсилот бо амалу супоришҳои нисбатан сода бояд талқин намуд. Дар ин самт бояд, пеш аз ҳама, аз имконоти усули саволу ҷавоб васеъ истифода бурд. Ин гуна амал нахуст ба таври шифоҳӣ сурат мегирад ва пасон шакли хаттиро мепазирад. Омӯзгор ба шогирдон саволҳоеро пешниҳод мекунад, ки онҳоро ба андеша кардан, таҳлилу баррасӣ намудан вомедоранд. Масалан, суҳбат дар мавзӯи «Баҳор» ҷараён меёбад. Вобаста ба ин омӯзгор ба хонандагон савол медиҳад: Баҳор кадом моҳҳоро дар бар мегирад? Дар ин фасли сол дар табиат чӣ гуна тағйирот ба вуқӯъ мепайванданд? Баҳор бо кадом ҷашнҳо ҳамбастагӣ дорад? Ибораи «бедоршавии табиат»-ро шарҳ диҳед…

Барои посух ёфтан ба ин саволҳо хонандагон ба андеша мераванд, баҳри дарёфти вожаю ибораю ифодаҳои мувофиқ андеша мекунанд. Ва чун дар ҷавобҳо муваффақ мешаванду таҳсину офарин мешунаванд, рӯҳбаланд мегарданд, шавқашон ба ҷавобгӯию андешаронию ҷумлаороӣ афзун мешавад. Ҳамзамон, дар онҳо аввалин майлу қобилият ба эҷодкорӣ ташаккул меёбад. Дар марҳилаи дигар омӯзгор хонандагонро даъват менамояд, ки ба саволҳо ҷавобҳои хаттӣ нависанд, ки ин қадами дигари ҷиддиест барои навиштани корҳои хаттии эҷодӣ.

Дар омодасозии шогирдон ба нигориши иншо ва шаклҳои дигари амалҳои эҷодкорона суҳбат аз рӯи расми манзаравӣ аҳамияти муҳим дорад. Хонандагон ба чунин расм нигариста, дар асоси диди махсусу мушоҳидаву бардоштҳояшон ба ҳамдигар нақл мекунанд, ба саволҳои муаллим ва ё ҳамсинфонашон ҷавоб мегӯянд.

Барои навиштани корҳои хаттӣ эҷоди нақшаи кор (нақл, иншо, эссе) василаи муҳим мебошад. Он ба мураттабии нутқ ва мукаммалии кори эҷодӣ мусоидат мекунад.

Пас аз ин ҳама марҳилаҳо хонандагон то ҷое ба навиштани ҳикояча, тасвири хаттии манзара, иншо (дар ҳаҷми хурд), эссе ва корҳои хаттии дигар омода мешаванд.

 

Хубсултон ФАҚИРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш