Нашрияи Омӯзгор

Рисолати волои омӯзгор

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Новобаста аз баъзе таҳаввулоти ҳодисаву воқеаҳо дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ омӯзгор ҳамеша симои асосӣ, шахси маҳбуб, раҳбаладу пешбар дар ҳама гуна ҷомеа будааст ва ҳамеша чунин хоҳад монд. Ҷомеа дар заминаи ақлу хиради омӯзгор равнақ меёбад, шукуфою мунаввар мешавад. Дар байни мардум аз ҳама бештар маҳз омӯзгорон соҳибэҳтироманд ва мавқею мартабаи ифтихорӣ доранд.

Мегӯянд, ки ҳурмати ҳар кас, пеш аз ҳама, аз худи ӯ вобаста аст. Омӯзгорон дорои беҳтарин фазилату сифатҳоянд ва ҳамагон ба хираду ақлу заковати онҳо бовару ихлосу эътимод доранд. Дар баробари ин, омӯзгоронро мебояд, ки пайваста дар ҳифзу посдории шарафу эътибори касбии худ бошанд, нагузоранд, ки мавқеи волояшон дар ҷомеа заррае коста шавад. Барои ин онҳоро мебояд, ки дар фаъолияти хеш ба якчанд ҷиҳати муҳим таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намоянд. Пеш аз ҳама, омӯзгор набояд замоне аз омӯзиш ва такмили ихтисос фориғ бошад.

Ӯ бояд аз навгониҳои илмҳои педагогикаю психология мунтазам огаҳӣ ёбад ва дастовардҳои ин илмҳоро дар фаъолияташ татбиқ намояд. Чунонки, ҳоло бидуни амиқ омӯхтану васеъ корбаст кардани низоми таълими салоҳиятнок ҳеҷ омӯзгоре ба пешравии дилхоҳ дар самти таълиму тарбия комёб шуда наметавонад. Омӯзгор бояд одоби баланди муошират ва санъати баланди суханварӣ дошта бошад. Ин барои корбарии муваффақона бо шогирдон ва барои ҳамкорӣ бо волидону робита бо аҳли ҷомеа бағоят муҳим аст. Бузургон барҳақ фармудаанд:

Ба некузабонию лутфу хушӣ

Тавонӣ, ки кӯҳе ба мӯе

кашӣ!

Дар ҳуҷҷатнигорӣ, иншои гузоришоти гуногун мумтоз будани омӯзгор аз сифатҳои дигари шахсияти ӯст. Ҳамчунин, омӯзгорро мебояд, ки аз ҳодисаву рухдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии замон огаҳии саривақтӣ дошта бошад ва аз ин хусус ба таври саҳеҳу фаҳмрасу муъҷаз ба шогирдон пайваста иттилоъ расонад.

Дар корҳои ҷамъиятии мактаб ва маҳалла фаъол будани омӯзгор омили муҳими афзоиши мақому эътибору эҳтироми ӯст.

Омӯзгорӣ рисолати олист ва ин рисолатро посдорӣ мебояд.

Шаҳодат САЛЯМОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш