Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши пайваста мебояд

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

 

Яке аз масъалаҳои басо муҳим дар ҷомеаи мо баланд бардоштани  сатҳи инкишофи соҳаҳои илму маориф мебошад. Маориф соҳаест, ки  барои бунёди ояндаи пурравнақу шоистаи миллату давлат заминаи боэътимоду воқеӣ мегузорад.

Яъне, рушди  соҳаи маориф  кафолати  пешрафт ва фардои  дурахшони  миллат  мебошад. Чеҳраи асосии соҳаи маориф олимону омӯзгоронанд. Ҳама гуна кашфиёту навовариҳо  тавассути  заҳматҳои  пайвастаи  онҳо ба амал меоянд. Сарвари  давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд:  «Илму маориф дар шароити   муосир  нақши   калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти  давлат мусоидат  мекунанд». Дар кишвари  мо аз нахустмарҳилаҳои  соҳибистиқлолӣ   то имрӯз омӯзгорон дар тарбияи  шогирдон бо азму иродаи  қавӣ  ҷидду ҷаҳд менамоянд. Талаби замон аст, ки  ҳар як  омӯзгор дар асоси  истифода аз методҳои  фаъол дар таълиму тарбия  талабагонро  аз хурдӣ  дар рӯҳияи  ихтироъкорӣ ва навҷӯию навоварӣ тарбия намуда, онҳоро ба ҷодаи илмҳои дақиқ бештар ҷалб намояд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки  яке аз сабабҳои  ба таҳсилу тадрис камтаваҷҷуҳӣ зоҳир  намудани   насли наврас паст будани  сатҳи  фаъолияти  омӯзгорон мебошад. Барои рафъи ин ҳолат ҳамаи  омӯзгорони  муасисаҳои таълимӣ  дар тамоми қаламрави кишвар  бояд ба такмили ихтисос, истифодаи усулҳои  муассиру пурсамари  таълим, табодули таҷриба ва худомӯзӣ диққати  ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамидатарин сифатҳои омӯзгори  муосир ҳамқадами замон будан ва пайваста омӯхтану маҳорату малакаи  худро  тақвият  бахшидан мебошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо, омӯзгорон, дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷалби  таваҷҷуҳи  онҳо ба таҳсили  босамару ҷиддӣ  ба муваффақият даст ёфта метавонем. Ба ин маънӣ донишмандонамон дуруст фармудаанд:

Қонеъ машавӣ, ба ҳар чӣ ёбӣ,

Аз хуб ба хубтар шитобӣ.

Марҳабо РАҲИМОВА,

омӯзгори  мактаби №3-и  ба номи

Абдусалом Деҳотӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш