Нашрияи Омӯзгор

Дониш аз хониш аст

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар бахшида ба Рӯзи забони  давлатии Тоҷикистон моро водор месозад мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  боз ҳам баланд бардорем.

Сарвари давлатамон ба Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, супориш доданд, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сарфи назар аз шакли моликият, ҳангоми таътилҳои чорякӣ ва тобистонаву  зимистона омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабиро ба роҳ монанд ва бо мақсади қавӣ гардондани ҳофизаи хонандагону донишҷӯён барои азхуд кардани порчаҳои назмиву насрӣ ва қоидаву асосҳои фанҳои риёзиву табиӣ меъёру талаботи заруриро муқаррар намоянд. Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷиҳати баланд бардоштаи завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару эҷодкор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ дар саросари мамлакат роҳандозӣ гардид.

Мо, омӯзгорони мактаби рақами 30-и ноҳияи Фирдавсӣ, иқдоми пешгирифтаи Сарвари кишварамонро самимона дастгирӣ намуда, онро ҳамчун дастур дар нақшаи кори худ ворид сохтем. Ба хонандагон супориш  дода шуд, ки ҳангоми таътил ҳар чӣ бештар асарҳои бадеӣ мутолиа кунанд.

Омӯзишу мутолиаи асарҳои бадеӣ, бешубҳа, баҳри афзудани савияи донишу малака, маърифат, дар қалби  шогирдон  бедор кардани шавқу рағбат, хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ, қавӣ гардондани ҳофизаи хонандагон ва бурро  намудани  нутқи шифоҳии онҳо мусоидат мекунад.

Дар муассисаи таълимии мо маҳфили «Адибони ҷавон» амал дорад. Хонандагон ҳафтае ду маротиба ҷамъ омада, аз  ашъори шоирон порчаҳои шеъриро қироат мекунанд ва ҳамчунин, асарҳои насрии хондаашонро байни худ таҳлил менамоянд. Ин аст, ки хонандагон дар чорабиниҳои адабию фарҳангии муассиса  чун «Шоҳномахони беҳтарин» ва «Китобхони беҳтарин» иштирок мекунанд.

Мо, омӯзгорони  забон ва адабёти тоҷик, барои ташаккули нутқи шифоҳии хонандагон, луғатомӯзӣ, сайқал додани ҳофизаи онҳо, ифоданок қироат намудани порчаҳои назмӣ саъю кӯшиш менамоем.   

 

Х. Саидхӯҷаева,

Р. Беронова,

омӯзгорони  мактаби

рақами 30,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш