Нашрияи Омӯзгор

“Шоҳнома” - асари оламгир

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо офаридани “Шоҳнома” тавонист дар замони худ ва баъд аз он дили оламиёнро тасхир намояд. Ба нобасомониҳои рӯзгор, нодорӣ, муқовимати бархе аз табақаҳои ҷомеа нигоҳ накарда, баҳри навиштани ин асари безавол сӣ соли умри хешро сарф намуд. Генрих Гейне, шоири немис, мунаққид ва мутафаккири бузург, чунин гуфта буд:

 

Ва булбул сӣ баҳорон васфи

гул хонд,

Зи хониш монд сӣ бору забон

баст.

Нақши “Шоҳнома” баҳри ҳифзи забон ва ҳуввияти миллӣ хеле бузург аст. Рӯзе аз Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал, нависандаи машҳури мисрӣ пурсиданд: - Шумо, мисриён, бо он пешинаи дурахшони фарҳангӣ чӣ шуд, ки арабзабон шудед? Гуфт: Мо арабзабон шудем, барои ин ки Фирдавсӣ надоштем. Фирдавсӣ бо сурудани “Шоҳнома” ба эрониён забони модарӣ, ғурури миллӣ ва ҳама чиз дод. Эрониён агар ин шоири бузургро надоштанд, дар ҳоли ҳозир мисли мо араб буданд”. Дуруст аст, ки агар забон бимирад, миллат низ мемирад. Расул Ғамзатов, шоир ва нависандаи доғистонӣ чунин гуфта буд: “агар ман донам, ки забони ман фардо мемирад, ман тайёрам имрӯз бимирам” Стефан Ҷорҷ таъкид карда мегӯяд: “ҷое, ки калом фурӯ мешиканад, дигар чизе боқӣ намемонад”.

Ҳунари шоирии Фирдавсӣ дар офаридаи маъно, сабку услуби хос, истифодаи санъатҳои бадеӣ басо сутуданист, ки ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштааст. Профессор Эдвард Коул дар ситоиши Фирдавсӣ чунин гуфта буд: “Императори Рум Август гуфтааст, ки “ман шаҳри Румро бо оҷур (хишти дар қур пухта шуда - С.Р) ба даст овардам ва бо мармар онро ба ҷо гузоштам. Фирдавсӣ бузургии кишварашро фақат дар адабиёт дид ва дар муқобили манзумаҳои аз худ боқӣ гузошта, ҳама шоирони пас аз ӯ фақат тавонистанд аз ӯ тақлид кунанд, аммо ҳеҷ кадоме натавонистанд бар ӯ бартарӣ ёбанд”.

Дар Аврупо замоне бузургони англис гуфта буданд: “Тамоми кутуби машриқзамин ба як қафаси кӯчаки китобҳои мо намеарзад”. Ба ин даъвои онҳо Санбув, аз бузургтарин мунаққидони фаронсавӣ дар асри Х1Х ба хитоб ба ҳалқаҳои адибони Аврупо гуфта буд, ки “агар шумо “Шоҳнома”-ро бихонед, даъвоҳоятон аз байн хоҳад рафт”.

Бузургии шоир то ба ҳадде расид, ки бузургони Аврупо Фирдавсиро ба бузургони худ баробар намуда, ҳатто ба онҳо бартарӣ додаанд. Шарқшиноси бузурги фаронсавӣ Анри Моссе чунин гуфта буд: “Фирдавсӣ ҳамтои Ҳомер ва бартар аз ӯст”

Аз андешаҳои бузургони ҷаҳон ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Фирдавсӣ бо асари безаволи худ “Шоҳнома” мардуми ориёнажодро ба оламиён шиносонд.

 

Рамазонӣ Самадов,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики  мактаби №5,

ноҳияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш