Нашрияи Омӯзгор

Оинаи тамомнамои зиндагӣ

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 766        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи эҳтироми забон чунин суханон садо доданд:

”Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мегардад ва мо бояд ба қадри нишонаи ҳастии миллатамон бирасем ва дар баробари он ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки ба мақсади маърифатнок гардондани густариш медиҳем”. Бояд гуфт, ки ҳар сухани  Президенти Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин Паём созанда, ҳидояткунанда ва  ҳамчун раҳнамое барои мо - омӯзгорони мактабҳоянд.

Солҳои охир  мо хуб эҳсос мекунем, ки таваҷҷуҳи шогирдони мактаб бештар ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русӣ, англисӣ, чиноӣ ва олмонӣ афзудааст, зеро онҳо медонанд, ки “забондонӣ ҷаҳондонист” ва дар оянда ба ҳар кишваре, ки сафар дошта бошанд, бо донистани забон ҳатман мушкилашон осон мегардад.

Хеле муҳим аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи қонуну қоида ва меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ сурат гирад, зеро нахуст бояд забони модарии худро дар сатҳи баланд донист ва сипас дар қиёс бо дастурҳои он ба фарогирии забонҳои хориҷӣ иқдом намуд.

Фарди воқеан ҳам ватанпарвар ва соҳиби забон он аст, ки ҳамеша дар муошират забонро ба ҳарфи қабеҳу ҳарзаву ҳазён олуда насозад, зеро забон ҳастии миллат аст ва азизу арҷманд доштани он вазифаи ҷонии  ҳар яки мост. Мо - соҳибони забонро зарур аст, ки ҳамеша  дар мавриди тоза нигоҳ доштани забон боэҳтиёт бошем ва ҳаргиз нагузорем, ки ба дарёи софу покизаи забонамон ҳар гуна хасу хошок ворид гардад.   Ниёкони баруманди мо ин забони латифу зеборо аз кӯраи озмоишҳои сахте беосебу бегазанд берун овардаанд. Ваҳдату якдилии абадӣ, ҳамраъйии  халқи ҷумҳурӣ, ки  муҳимтарин дастоварди миллат маҳсуб меёбад, дар рушду нумӯи забони  тоҷикӣ нақши арзандаеро гузошт.

Шогирдони мо бояд бидонанд, ки  донистани забони русӣ муҳим аст, зеро агар таваҷҷуҳ карда бошед, дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ  бештар ба забони русӣ  сурат мегирад.

Дар радифи забони русӣ омӯхтани забони англисӣ  низ муҳим аст. Хушбахтона, имрӯз имконияти  хуби омӯхтани забонҳо, аз ҷумла, англисӣ мавҷуд мебошад, танҳо завқи хонандаро нисбат ба омӯзиши ин фан   бояд бедор  кард ва рисолати устод низ ҳамин аст, ки шогирдонашонро ба омӯхтани забон дилгарм намояд.

Воқеан, суханронии пурмуҳтавои  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон бори дигар мо - омӯзгорон ва шаҳрандони кишварро вазифадор намуд,  ки барои тозаву озода нигоҳ доштани забони модариамон  бештар саъю кӯшиш намоем. 

 

Гуландом МАҲМАДАЛИЕВА,

омӯзгори мактаби №93-и  ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш