Нашрияи Омӯзгор

Муҳити оила ва поксозии забон

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Бисёр иттифоқ афтодааст, ки мо, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, бо сабаби набудани муҳити забонии созгори оилавӣ дар ташаккул додани нутқи адабии шогирдонамон ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ мегардем ва садди аввалин дар ҷараёни омӯзонидани забони ноби тоҷикӣ ё худ забони адабӣ ба шогирдон гуфтори аз ҳад зиёд лаҳҷавии онҳост.

Аз ин ҷост, ки мо ҳамеша ба дастгирии оила дар ҷодаи поксозии таркиби луғавии забони шогирдонамон ниёз дорем. Албатта, фароҳам сохтани муҳити забонии созгори оилавӣ маънои комилан даст кашидани оила аз ҳарфу суханҳои лаҳҷавиро надорад. Сухан аз боби фароҳам овардани муҳити мусоиди муоширати волидон зимни суханронӣ бо фарзандони хеш мавриди кумакрасонии онҳо дар азхудкунии маводи таълимӣ, дарстайёркунӣ, иҷрои вазифаҳои хонагии фарзандон меравад. Ба манфиати кори забономӯзию забондонии фарзандон мебуд, агар волидон барои онҳо тамошо кардани намоишҳои ба масъалаҳои тарзи дуруст навиштану истифода бурдани забони адабии тоҷикӣ зимни муошират дар гуфтори телевизиони «Баҳористон»-ро тавсия медоданд ё вақт ёфта, ҳамроҳи онҳо чунин намоишҳои барои рушди маънавии фарзандон муфидро тамошо мекарданд.

Ҳамин тариқ, муҳити созгори забонии оилавӣ метавонад пуле гардад, ки тавассути он гузариши кӯдак ё наврас аз ҳарфу сухани лаҳҷавӣ ба гуфтори адабӣ сурат мегирад.

Омӯзгори забони тоҷикӣ вазифадор аст, ки бо мақсади боло бурдани сатҳу сифати забондонии хонандагон зимни истифодабарии чунин усулҳои маъмулӣ, аз қабили нақли муаллим, суҳбат, таҳлили забон (мушоҳидаҳои ҳодисаҳои забон, таҳлили грамматикӣ), машқ, истифодаи воситаҳои аёнӣ, кор бо китоби дарсӣ ва экскурсия, ширкати фаъолонаи хонандагонро тавассути бедор намудани шавқу рағбати онҳо ба ҳар як машғулияти дарсӣ ва ҳамсуҳбати баробару мусоҳиби фаъол гардонидани онҳо таъмин кунад.

Ҳамкории пайвастаи омӯзгору оила, мутолиаи бештари рӯзномаву маҷалла ва асарҳои бадеӣ, махсусан, осори адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик, пайроҳаҳои поксозии таркиби луғавии забон ва ғанигардонии захираи луғавии забони хонандагонанд, ки имкони ба шоҳроҳи мустақими забондонӣ баромадани онҳоро таъмин менамоянд.

Муҳтарамхон

АБДУЛЛОЕВА,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш