Нашрияи Омӯзгор

Маҳорати омӯзгор зарур аст

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятноки рушди мамлакат шинохта шуда, ҳамасола дар ин самт тадбирҳои зиёде андешида мешаванд.

Яке аз дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва омӯзгорон, гузаштан ба низоми таълими  босалоҳият мебошад. Дар ин тарзи низоми таълим ва арзёбии салоҳиятнокӣ ба донишу малака ва маҳорати воқеии хонандагон диққати махсус дода мешавад. Дар гузашта зимни  таълими анъанавӣ омӯзгор аз доираи мавзӯъ берун намебаромад, яъне фақат атрофи мавзӯи дарс сухан мерафт, аммо ҳоло бошад, омӯзгор бештар озодӣ дорад ва кӯшиш мекунад, бо шогирдонаш корҳои амалиро фарогиртар анҷом бидиҳад. Ва дар зимн вазифадор аст, ки аз маводи иловагӣ истифода бурда, ба инкишоф додани салоҳияти хонандагон мусоидат намояд.

Бояд гуфт, ки салоҳиятро таълим намедиҳанд, балки дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳорат он ташаккул меёбад. Дар ҷумҳурӣ  соли панҷум аст, ки таълими босалоҳият ба роҳ монда шудааст ва аксар омӯзгорон дар ин ҷода муваффақ гаштаанд.Таълими босалоҳият раванди таълимиест, ки ҳама самтҳои  фаъолияти хонандагонро  фаро гирифта, онҳоро ҳамчун шахсият инкишоф медиҳад. Аз ҷумла, мустақилият нишон додан, тобовар будан, бовиҷдону эҷодкор будан, эҳтироми ҳамдигарро пос доштан ва дар фикрронӣ озод буданро тақвият мебахшад.

Барои ноил гаштан ба ин ҳадафҳо мо - омӯзгоронро зарур аст, ки дастуру супоришҳои дахлдорро сармашқи кори худ карда, низоми нави таълимро дар амал татбиқ намоем, чунки дар ин самт малакаю маҳорати касбии омӯзгор барои беҳтар гаштани таълими хонандагон нақши калон мебозад.

Нақши падару модар низ дар татбиқи низоми таълими нав хеле калон аст. Кумитаи падару модарон ёвар ва такягоҳи асосии роҳбари синф мебошад. Омӯзгор метавонад  дар маҷлиси падару модарон баррасии масъалаҳои  мазкурро ҷой диҳад ва тартиби иҷрои взифаи хонагиро дар таълими салоҳиятнок баррасӣ намояд. Ин мушкили омӯзгорро дар ин самт осон мегардонад. Чунки  вазифаи хонагӣ аз фанни забони модарӣ бисёртар бо назардошти ҳамкории падару модарон бо фарзанд дода мешавад ва падару модар дар радифи омӯзгор бояд масъулият эҳсос кунанд, робитаро бо муассиса ва роҳбари синф ҷоннок намоянд. Он гоҳ метавонем дар ин самт ба комёбӣ мушарраф гардем.

Дар асл гузариш ба низоми нави таълим аз омӯзгорон дониш, маҳорату малака ва маҳорату касбиятро тақозо мекунад. Аз ин лиҳоз таълими босалоҳият самтҳои илми педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълимро дар бар гирифта, омӯзгоронро муваззаф месозад, ки дониши худро такмил дода, аз курсҳои такмили ихтисос бигзаранд ва бо хонандагон дарсҳои намунавию амалии пурсамар гузаронанд.

 

Заррина Турсунхолова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш