Нашрияи Омӯзгор

94905 нафар довталаб аз қайд гузаштанд

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шаффоф, дастрас ва озод баргузор кардани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2018 дар 55 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар 38 шаҳру ноҳия 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил кард.

Яке аз навгониҳои низоми ИМД дар соли равон хизматрасонии “Пешномнависӣ” дар ҳолати бархат (онлайн) аст. Ин хизматрасонӣ ҳам вақти довталабро сарфа мекунаду ҳам кори ӯро осон.

Низоми «Пешномнависӣ” дар ҳолати бархат ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ (ному насаб, таърихи таваллуд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҷойи истиқомат, рақам(ҳо)и телефон барои тамос, нишонии почтаи электронӣ, муассисаи таълимии дар он таҳсилкунанда (таҳсилкарда), комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда аз рӯйи бартарияшон, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра) омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад.

Таҳлили маълумоти оморӣ дар бораи истифода аз ин хизматрасонӣ нишон дод, ки шумораи истифодакардаи чопи он маҳдуд аст. Дар баробари ин, тибқи таҳлили мазкур аз шумораи умумии шахсоне, ки аз ин хизматрасонӣ истифода кардаанд, ҳиссаи хеле камашон баъдан ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди рақами инфиродӣ расман аз қайд гузаштаанд.

Зимни суҳбат ёвари директори  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувосид Юлдошев иброз дошт, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД соли ҷорӣ дар ду марҳала ба нақша гирифта шудааст. Марҳалаи 1-уми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД аз 1-уми март оғоз гардида, то 30-юми апрел идома ёфт. Дар ин давра барои иштирок дар ИМД ҳамагӣ 94905 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки аз онҳо 78977 нафар (83,22 %)-ашон хатмкунандаи соли ҷории муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 15928 нафар (16,78 %)-ашон хатмкардаи солҳои пешини чунин муассисаҳои таълимӣ мебошанд.

Дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи маълумоти омории марҳалаи асосии бақайдгирии соли ҷорӣ, шумораи бештари довталабон нисбат ба нақшаи қабул ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) рост меояд, ки он ба 210,5% баробар аст ва он нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2017-ум 8,73% камтар аст. Тибқи ин нишондиҳанда, соли равон дар ҷойи дуюм гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) бо 199,88 %-и (соли 2017 – 223,09 %) шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ ва дар ҷойи сеюм гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) бо 136,82% (соли 2017 – 162,74%)-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дорад. Тавре аз ҷадвали 2 мушоҳида кардан мумкин аст, солҳои 2016-2017 аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷойи 1-ум гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум қарор дошта, гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум дар ҷойи 2-юм буд.

Дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён дар соли равон, чун дар солҳои 2016-2017, тибқи маълумоти омории марҳалаи асосии бақайдгирӣ, шумораи камтарини довталабони номнависшуда ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ҳамагӣ ба 90,19 % (соли 2017 – 82,07 % ва соли 2016 – 94,78 %)-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст. Гарчанде ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2017-ум хубтар бошад ҳам, он нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2016-ум пасттар аст.

Марказ бо мақсади роҳнамоии довталабон дар интихоби дурусти комбинатсияҳои ихтисосҳо ва гурӯҳҳои ихтисосҳо маводи махсуси таҳлилиро омода карда, ҳамаи нуқтаҳои бақайдгириро бо шакли чопии он таъмин кард. Инчунин, гунаи электронии ин мавод дар сомонаи марказ ҷойгир ва дар бораи он тавассути телевизиону радио мунтазам маълумот дода мешуд. Барои мусоидат дар интихоби комбинатсияи ихтисосҳо маълумоти омории рафти бақайдгирӣ мунтазам дар сомонаи Марказ ҷой дода мешуд. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, бо вуҷуди корҳои зиёди иттилоотию таблиғотии анҷомдодаи марказ ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи довталабон барои интихоби ихтисосҳои гурӯҳи табиӣ ва техникӣ, бештари довталабон соли ҷорӣ низ ба интихоби ихтисосҳои гурӯҳи 4-ум ва 5-ум майл доштанд.

Аз шумораи умумии довталабони бақайдгирифташуда 41645 нафарашонро (43,88 %) духтарон ва 53260 (56,12 %) нафарашонро писарон ташкил медиҳанд. Ҳиссаи духтарони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда дар соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2017-ум 1,01 % кам ва нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи солҳои 2015-2016-ум мувофиқан 1,36 % ва 5,86 % бештар аст.

Тибқи таҳлили маълумоти омории бақайдгирӣ аз рӯйи шумораи хатмкунандагони соли ҷории муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ – мактаб, литсей, гимназия ва интернатҳо, ки ба 124746 нафар баробар буд, дар давраи ҳисоботӣ барои иштирок дар ИМД-2018 ҳамагӣ 76336 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии мазкур аз қайд гузаштаанд, ки 61,19 %-и шумораи хатмкунандагони соли ҷории мактабҳоро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 32741 нафарашро духтарон (57,67 %-и шумораи духтарони хатмкунандаи соли ҷорӣ) ва 43595 нафарашро писарон (64,14 % и шумораи писарони хатмкунандаи соли ҷорӣ) ташкил медиҳанд.

Агар маълумоти мазкурро аз рӯйи шаҳру ноҳияҳо таҳлил намоем, ҳиссаи хатмкунандагони номнависшудаи мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Мурғоб (20,25%), Тоҷикобод (31,49%), Рашт (39,74%), Лахш (42,28%), Нуробод (44%), Истаравшан (44,08%), Дӯстӣ (45,72%), Деваштич (46,45%), Н. Хусрав (47,67 %), Ваҳдат (48,12 %), Ҷайҳун (48,43 %), Турсунзода (49,07 %), Панҷакент (49,24 %) ва Кӯҳистони Мастчоҳ (50,8 %) нисбат ба ҳиссаи хатмкунандагони номнависшудаи мактабҳои шаҳру ноҳияҳои дигар камтар аст.

Дар идомаи суҳбат А.Юлдошев қайд кард, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии шахсоне, ки дар бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар ИМД сабти ном карда натавонистаанд, мувофиқи нақша аз 12-ум то 30-юми июн сурат мегирад. Ҳамчунин, тибқи тартиби муқарраргардида ва нақша, аз 12-ум то 20-уми июн марҳалаи иловагии азнавбақайдгирии довталабоне, ки аз 1-уми март то 30-юми апрел номнавис шудаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалияи худро доранд, ба роҳ монда мешавад.

Марҳалаҳои иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ танҳо дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ довталаб маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД бояд пурра, (250 сомонӣ) пардохт кунад. Шахсоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ худро номнавис кардан мехоҳанд, бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаҳои бақайдгирии дахлдор дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Ба иттилои ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвосид Юлдошев, даври асосии имтиҳонҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос), ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми ИМД гузаронидани онҳо дар салоҳияти марказ аст, вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 14-уми июл дар марказҳои имтиҳоние, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии дар шаҳру ноҳияҳо интихобшуда таъсис дода мешаванд, баргузор мегардад. Инчунин, мувофиқи тартиби муқарраргардида ва нақша рӯзҳои 18-19-уми июл даври иловагии имтиҳонҳои қисмҳои зикршуда барои довталабоне, ки дар имтиҳонҳои даври асосӣ бо сабабҳои гуногун иштирок карда наметавонанд ё дар даври дуюми азнавбақайдгирӣ (аз 12-ум то 20-уми июн) интихобҳои худро иваз менамоянд, ё дар бақайдгирии иловагӣ (аз 12-ум то 30-юми июн) худро сабти ном мекунанд, сурат мегирад. Даври асосии имтиҳонҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Қисмҳои В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) аз 28-уми июн то 14-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегарданд.

Нишонии маркази имтиҳонӣ дар даъватнома, ки то 10-уми июн ба ҳар як довталаб фиристода мешавад, нишон дода мешавад. Нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродияш низ гузошта мешавад ва дар бораи дар кабинети инфиродии довталаб ҷойгир шудани даъватномааш ба рақами телефони мобилиаш паёмак (СМС) фиристода мешавад. Инчунин, рӯйхати марказҳои имтиҳонӣ бо нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои онҳо дар сомонаи марказ ҷойгир карда мешавад.

 

Насриддин Охунзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш