Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши забони русӣ калиди комёбиҳост

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Агар ба таърихи забонҳо нигарем, мебинем, ки онҳо дар тӯли таърих ба дигаргуниҳои зиёди грамматикию фонетикӣ дучор шудаанд. Азбаски дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ забони русӣ забони давлатӣ ва ҳуҷҷатнигорию идорӣ буд, то имрӯз калимаҳои зиёди забони русӣ ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ дохил гардидаанд.

Ворид  гардидани вожаҳои русӣ ба забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳо ба мушоҳида мерасад.

Аксарияти ин гуна вожаҳо аз забонҳои гуногуни халқҳои Аврупо ба забони русӣ ва сипас ба забони тоҷикӣ ворид гардидаанд. То солҳои истиқлолият қариб тамоми адабиёти илмию фарҳангӣ ба забони русӣ таълиф гардида, онро мардум ба забони русӣ мутолиа менамуданд. Пас, омӯхтани забони русӣ  барои кулли мардуми Тоҷикистон зарур аст. Имрӯзҳо хонаводаеро дарёфт кардан амри муҳол аст, ки аз он нафаре дар кишвари Россия ба ин ё он намуди меҳнат сарукор надошта бошад. Паҳлуи дигари масъала он аст, ки донишҷӯёни имрӯза бояд дар қатори забони давлатӣ забонҳои хориҷиро низ азбар намоянд, зеро бе донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони  русӣ, мутахассиси  хуб ба камол расондан ғайриимкон аст.

Ифтихори мо аз он  аст, ки ҳазорон ҷавони тоҷик бо ин забон озодона ҳарф зада, ҳатто дар озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.

Хурсандиовар аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо ин забон озодона муошират карда метавонанд. Дар донишкадаи мо низ чун дигар муассисаҳои таълимии олии кишвар баҳри рушду такомули забони русӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Варзишгарони оянда ғайр аз машғулиятҳое, ки мувофиқи барномаи таълимӣ меомӯзанд, бо дарсҳои иловагӣ сарукор гирифта, омӯзгорони кафедраи забонҳои донишкада тамоми имкониятҳоро равона месозанд, ки варзишгарони оянда бо забони русӣ озодона ҳарф зада тавонанд.

Солҳои охир донишҷӯёни мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии  фанни забони русӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Вақте ки варзишгарон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ бармегарданд, таваҷҷуҳи моро бештар бо забони русӣ ҳарф задани онҳо ба худ ҷалб месозад. 

Гулнора БОЛТАЕВА,

омӯзгори калони кафедраи забонҳо, ноиби  ректори ДТҶТ

ба номи С. Раҳимов  оид

ба корҳои тарбиявӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш