Нашрияи Омӯзгор

Қадри омӯзгор бояд баланд бошад

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 834        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ пешаи пуршараф буда, дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбия, масъулияти пешоҳангӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши муаллимон ва устодони соҳибтаҷриба гузошта шудааст.

Нақши муаллим, омӯзгор дар афрӯхтани чароғи илму маърифат басо бузург аст. Вусъат ёфтани мақому манзалати омӯзгорони заҳматпеша ва пайгириву раҳнамоӣ дар ҷомеаи имрӯза боиси хушнудӣ ва ифтихор аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба нақши муосири машъалафрӯзони роҳи фардои миллат- омӯзгорон дар тарбияи наслҳои ояндасоз баҳои сазовор додаанд. «Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва бо ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад».

Мутаассифона, имрӯз обрӯю эътибори омӯзгор каме коста гардидааст. Зеро онҳое, ки соҳиби пули бедардимиёнанд, бо каме баҳона ба сари муаллим дод мезананд. «Ба хондани бачаи ман корат набошад», боз бо лафзи «ту» хитоб мекунанд. Ҳоло он ки ба ҳамаи онҳо низ омӯзгор дарс гуфта, хондану ҳисобу китобро ёд дода буд. Имрӯз маблағашон пеши чашми хирадашонро хира сохта, беандешаю истиҳола ба муаллим, ба устоди худ шарм надошта, сар ба сар меоянд. Дод мезананд, ки пули ман бачаамро мехононанад. Бале, пулат мехонанд, вале чӣ суд ба ҷомеа аз ин хел бесаводон?

Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани обрӯю эътибори муаллим аз маблағҷамъкунии ӯст. Аз оғози соли таҳсил супориши маблағғундорӣ барои китобҳои дарсӣ, журнали синф, либоси мактабӣ, обуна, суғурта, таъмири мактаб, консерту кинофилмҳо ва ғайра кори бе ин ҳам мушкили муаллимро мушкилтар мегардонад.

Аз сабаби он ки маоши аксари омӯзгорон барои зиндагӣ намерасад, онҳо ба ғайр аз таълиму тарбия, барои ба даст овардани маблағи иловагӣ, таъмини камбудии рӯзгор рӯ ба тиҷорати майда, мардикорӣ ва амсоли ин меоранд, ки ин ҳам сабаби дар назди шогирдон паст гардидани қадру манзалати омӯзгор мегардад.

Ҳар яки мо, аз хурд то калон, дар кадом мақому вазифа ва касбу ҳунаре набошем, таълиму тарбияро аз муаллим гирифтаем. Аз ин рӯ, хуб мебуд, санаи 1 ва ё 2-юми октябрро рӯзи Муаллим ва ҳамон рӯзро ба қатори идҳои касбӣ ворид намоем.

Хуб мешуд, солҳои наздик ягон солро соли бузургдошти устоду муаллим эълон менамуданд.

Мисли замони Шӯравӣ ба омӯзгороне, ки зиёда аз 25 сол бе танаффус фаъолият намудаанд, додани имтиёзҳои иловагӣ, аз қабили дар як сол як маротиба ба истироҳатгоҳҳо фиристодан, барқи бепул ҷорӣ намудан, сӯзишворипулӣ додан пешбинӣ карда шавад.

Ягона унвони ҳавасманд-гардонӣ барои омӯзгорон, ин нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, он солҳои охир қадру манзалати худро гум карда истодааст. Ин унвонро тавре пешниҳод бояд кард, ки ба маоши омӯзгор ҳиссаи маблағ (чанд фоиз) илова карда шавад.

Алҳол дар Тоҷикистон низоми нави нафақа ҷорӣ гардидааст. Мувофиқи он омӯзгоре, ки 30-40 сол собиқаи корӣ дораду 700-1000 сомонӣ маош мегирад, бо 250-350 сомонӣ ба нафақа мебарояд. Ин ҳол боиси нигаронист. Чунки онҳое, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ягон ҷо кор накардаанду барои пешбурди ҷомеа хасе нагузоштаанд, соҳиби 200-280 сомонии нафақапулиянд. Магар ин ба қолабе меғунҷад?.

Нафақаи омӯзгорон ба рӯзгузаронии онҳо бояд мусоидат кунад.

Агар ин таклифу дархостҳои мо амалӣ гарданд, обрӯю нуфузи муаллим, бамаротиб боло хоҳад рафт. Ҳар як шахс чун даврони пешин ба омӯзгор бо чашми ҳавас нигоҳ карда, ҷавонон ба ин касб меҳр баста, корро дар мактаб тарк намекунанд.

 

Раҳим ҚОБИЛОВ,

узви Иттифоқи

журналистони

Тоҷикистон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш