Нашрияи Омӯзгор

Об табобат ҳам мекунад

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Об дар соҳаи тиб бо мақсадҳои гуногун истифода бурда мешавад. Аз як тараф, агар худи об ҳамчун моддаи муолиҷакунанда бошад, аз ҷониби дигар аксари дорувориҳо дар шакли маҳлулҳои обӣ тайёр карда мешаванд. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки тибро бе об тасаввур кардан имконнопазир мебошад. Одамон аз қадимулайём дар бораи қувваи табобатбахшии обҳои зеризаминӣ маълумот доштанд. Мутафаккирон ва табибони барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ,  Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон аз об ва маҳлулҳои обӣ дар амалияи пизишкӣ фаровон истифода мекарданд.

Абӯалӣ ибни Сино хосиятҳои фоиданоки обҳои гуногунро тавсиф дода, зазари онҳоро ба узви одам низ зикр мекунад. Ба ақидаи ӯ оби хира санг пайдо карда, оби шӯр дарунрав мекунад ва хунро вайрон намуда, хориш пайдо менамояд. Оби замчдор дар бадан табларзаро бармеангезад. Доир ба фоидаи истифодаи обҳои шӯр, замчӣ, зокӣ (купорос), сулфурӣ, нафтӣ ва ғайра зимни дар ҳаммом шустушӯ кардан асосҳо пешниҳод менамояд.

Барф барои  меъда, хусусан, барои он ки шираи хунук хориҷ менамояд, зараровар аст. Оби барф аз гармӣ дард кардани дандонро таскин мебахшад.

Мувофиқи ақидаи Сино, барои мизоҷи муътадил аз ҳама хуб оби хунукиаш паст ё  бо яхи беруна хунукшуда мебошад.

Шайхурраис барои мустаҳкамкунии саломатӣ нақши табобатҳои обии гуногунро зикр менамояд. Ба ақидаи ӯ, барои мустаҳкам кардани пӯст, кам кардани кашидашавӣ ва нигоҳ доштани намӣ пас аз ҳаммом ба оби  хунук даромадан зарур мебошад. Ин барои он лозим аст, ки бадани гарм бо оби хунуки муқобили  он вохӯрад.

Сино чунин муҳисобад, ки аксар бемориҳо, бахусус, бемориҳои сироятӣ ба воситаи обӣ нӯшокӣ паҳн  мешаванд.

Ӯ мефармояд, ки агар сирро бо оби ҷӯшонидашудаи пудинаи кӯҳӣ биошоманд, шабушк ва ришкро мекушад. Сирро бо шароб биошоманд, аз газидагии мавҷудоти зиёнкор ва газидани мор нафъ дорад.

Дар тиб барои муолиҷаи бемориҳои гуногун аз обҳои маъданӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Ба обҳои маъданӣ обҳое дохил мешаванд, ки дар таркибашон миқдори  зиёди намакҳои ҳалшуда, ба монанди карбонати калсий, калий, сулфатҳо, магний, натрий дорад.

Дар оби бомаззаи нӯшокӣ дар миқдори кам, вале миқдори барои мо таъсирбахш оҳан, калсий, манган, намаки ошии муқаррарӣ ва дигар моддаҳои барои узвиёт зарурӣ мавҷуданд. Масалан, миқдори муайяни фтор устувории сири дандонҳоро таъмин мекунад. Калсий ба фаъолияти банду басти буғумҳо мусоидат мекунад. Агар дар манбаи об йод кам ва ё набошад, об боиси бемории базед (ғадуди гулӯ) мегардад.

Обҳои маъданӣ яке аз намудҳои сарватҳои бебаҳои зеризаминии Тоҷикистон мебошанд ва онҳо барои муолиҷаи бемориҳои пӯст, фишори қалб, истиқно (радикулит) ва ғайраҳо истифода бурда мешавад.

Дар табобатгоҳи  «Ҳавотоғ»-и ноҳияи Шаҳристон бемориҳои узвҳои ҳаракат (полиартрит, артроз, остеохондроз) ва асабияти канорӣ табобат карда мешавад. Оби маъдании Ҳовотоғ (ҳарораташ 55-57 С) дар таркиби худ хлориди натрий, радон, йод, бром, барий, манган, мис, нуқра, ванадий ва гази нитроген дорад.

Манбаи дигари оби маъданӣ «Шоҳамбарӣ» мебошад ва он барои муолиҷаи бемориҳои санги талха, мӯътадил кардани кинетикаи ҳубобҳои талха, паст кардани дараҷаи ҳомузҳои талха истифода бурда мешавад.

Табобатгоҳи «Хоҷаобигарм» дар 52 км шимолтар аз шаҳри Душанбе дар баландии 1860-1900 метр ҷойгир аст. Дар ин табобатгоҳ бемориҳои гипертония, атеросклероз, узвҳои такягоҳу ҳаракат, бемориҳои занона, диққи нафас ва ғайра муолиҷа карда мешаванд.

Соатхон Муродов,

Камолиддин Муҳиддинов,

омӯзгорони коллеҷи тиббии

шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш