Нашрияи Омӯзгор

То вохӯрӣ бо ту

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Вориди синфхонаи 8 г шуда, дидам, ки шогирдам Мария ғарқи андеша, хотирпарешон нишастааст. Даромадани маро пайхас ҳам накард.

-Духтарам, ба ту чӣ шудааст, ки чанд рӯзест, парешонҳолат мебинам?- овоз рӯшан кардам.

-Оҳ, устодҷон, шумоед? Ассалому алайкум, мебахшед, даромаданатонро надидам, - гуфта, аз ҷой нимхез шуд Мария. Баъди ишораи ман баргашта ба ҷояш нишасту аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Ҳайронтар шудаму рӯ ба рӯяш нишаста, аҳволпурсӣ кардам.

- Муаллимҷон, пас аз мутолиаи романи «То вохӯрӣ бо ту»-и нависандаи машҳури англис Ҷоҷо Мойес се рӯз шудааст, ки ба худ намеоям,- ба гап оғоз кард Мария ва ҳамзамон боз суолам дод: - Чаро дунё чунин офарида шудааст? 

Соатро дидам, то оғози дарс 35 дақиқа ҳаст, зеро ҳангоми сард будани ҳаво ҷамъомади пагоҳирӯзӣ гузаронида намешавад. Пас, ман фурсат дорам, ки дарди дили шогирдамро гӯш карда, ба андозаи тавонам кумакаш намоям, то ҳолати равониаш хуб шавад. Аз Мария хоҳиш намудам, ки лаҳзаи таъсирбахши асарро нақл карда диҳад. Ӯ нафасашро каме рост намуда, ба гап даромад. Маълум гашт, ки қаҳрамони асосии асар, ҷавони сарватманд Уилл Трейнор пас аз садама ҷароҳати вазнин гирифта, бо шикастани сутунмуҳра ва осеб дидани узвҳои дарунӣ ба бемории вазнини табобатнашавандаи «квадриплегия С 5/6» гирифтор шудааст. Мубталоёни ин беморӣ аз робитаи озод бо атроф ва лаззати ин зиндагӣ дур мегарданд. Зеро дар натиҷаи зарба хӯрдани сутунмуҳра торҳои асаб осеб дида, инсон қисман ё тамоман аз ҳаракат мемонад. Баъди табобати дурудароз ва азобҳои шабонарӯзӣ Уилл аз оламу одам дилмонда гашта, бо ихтиёри хеш маргро интихоб карданӣ мешавад. Дар яке аз беморхонаҳои Лондон - «Дигнитас» хизматарасонии ғайриодие вуҷуд дорад: ба беморони вазнине, ки аз зиндагӣ дилмонда мешаванду дигар хоҳиши зистан надоранд, ёрӣ медиҳанд, ки ин ҷаҳонро падруд гӯянд. Ҳоҳишмандон муборизаро бо беморӣ қатъ намуда, пас аз имзои ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо нӯшидани доруе ҷаҳони фониро тарк менамоянд.

Волидони Уилл ба ин хоҳиши фарзандашон розӣ намешаванд. Модар аз писар илтимос мекунад, ки муддати 6 моҳ сабр намояд. Уилл ночор розӣ мешавад. Падару модари Уилл ғайр аз ҳамшираи шафқат духтараки ҷавонеро бо номи Луиза барои нигоҳубини Уилл ба кор мепазиранд. Пас аз  ҷароҳат бардоштан бонуи қалбаш низ Уиллро тарк карда, аз ишқи поки ӯ даст мешӯяд. Ин рафтори дӯстдоштааш зарбаи ҷонкоҳе буд ба писараки дардманд. Аммо ҷавон дар моҳҳои озмоишӣ оҳиста-оҳиста ба Луиза дил басту тамоми хушиҳои зиндагиро бо ӯ эҳсос намуд, ҳаёт барояш рангинтар гашт. Вале …  Уилл баъди шаш моҳ боз роҳи маргро интихоб намуда, аз олами фонӣ меравад …

Ба шогирдам Мария фаҳмондам, ки ба ҳамаи саъю кӯшишҳои волидон ва Луиза нигоҳ накарда, Уилл маргро пеша кард. Далелашро ман дар он мебинам, ки ӯ нахост, то  сабаби ранҷу азоби атрофиён гардад, онҳоро ба заҳмат андозад. Ӯ нахост, ки дигарон барояш раҳмхӯрию дилсӯзӣ кунанд. Сабаби дигараш дардҳои ҷонкоҳи ҳамешагияш буд, ки танҳо худаш медонисту Худо… Таҳаммули дарду ранҷҳои доимӣ барояш гарон буд, аз ин рӯ, роҳи наҷотро дар марг дид. Бо ин роҳ фикр кард, ки аз азоб халос мешавад…

Ба ин васила шогирди ҳассосамро дилбардорӣ намуда, аз ҳолати афсурдагӣ берун  овардам. Рӯзи дигар асари мазкурро аз Мария дастрас кардаму  хондам. Дар ҳақиқат, воқеаҳои дар китоб тасвиргашта такондиҳандаву омӯзанда буданд...

Шогирдам - Мария Акбари Каффаш хонандаи пурмутолиа аст. Пайваста бо китоб ҳамнишин буда, то имрӯз асарҳои бисёре аз адибони классику муосири тоҷику хориҷ аз кишварро хондааст.

Бале, китоб беҳтарин дӯсти инсон аст, ки ба хурдсолону наврасон фазлу дониш мебахшаду дар нобаробариҳо дастгиру мададгор мешавад. Аз ин рӯ, дар баробари дигар масъулиятҳо, яке аз вазифаҳои дигари мо-роҳбарони синфҳо дар раванди таълиму тарбия аз он иборат аст, ки ба китобхонии хонандагон низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоем.

 

А. Содиқов,

омӯзгори литсейи

инноватсионии

«Душанбе»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш