Нашрияи Омӯзгор

Роҳбари синф масъулияти зиёд дорад

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Раванди тарбияи насли наврас хусусиятҳои хосеро доро мебошад ва пеш аз ҳама, аз таъсиргузор будани омилҳои гуногун ба ҷараёни мазкур маншаъ мегирад.

Дар тарбияи маънавии хонандагон ҳамкории роҳбари синф бо падару модари хонандагон нақши ҳалкунанда мебозад. Бо падару модарон корҳои мунтазами педагогӣ гузаронидани роҳбари синф шарти муҳими барор гирифтани корҳои тарбиявӣ - ахлоқии хонандагон мегардад.

Домани тарбияи ахлоқӣ хеле васеъ мебошад. Роҳбари синф бояд бар он кӯшиш намояд, ки меъёрҳои ахлоқии хонандагонро ба воситаи гуфтору рафтори ибратбахши худи ҳамсабақони онҳо ва рафиқонашон ислоҳ намоянд. Ба ҳар як рафтори хонандагон аҳамият додан, хусусияти индувидуалии онҳоро дар машғулиятҳо омӯхтан ва муносиби феълу атвори ҳар кадом муносибат кардан боиси баланд шудани сатҳи фарҳанги ахлоқии хонандагон мегардад.

Ҳамкории роҳбари синф бо волидони хонандагон дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бояд роҳандозӣ гардад.

Дар қонуни номбурда вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд, баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд, уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар , мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунад ва барои фаъолияти самарабахши роҳбари синф дар ҷодаи тарбияи насли наврас имкони мусоид фароҳам меоварад.

Вазифаи мо, роҳбарони синф, аз он иборат аст, ки хонандагони наврасро муттасил дар рӯҳияи ватандӯстӣ – интернатсионалистӣ ва миллатдӯстӣ тарбия намоем.

Омилҳои таъсири тарбияро дар ду ҳолат мушоҳида кардан мумкин аст. Аввалан, онҳо аз таҷрибаи ҳаёт гирифта мешаванд, ки ба он оила, аҳли ҷамъият, коллективи хонандагон ва муҳити зист дохил мегарданд. Омили дуюм, тарбияи роҳбари синф аст, ки он бевосита аз рӯи нақшаву барномаи муқарраршуда таъсири тарбиявии худро мегузорад. Дар олами маънавии ҳаёти насли наврас на ҳама вақт хислатҳои нек аз бад фарқ карда мешавад, дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ботамкинӣ, худдорӣ, қавииродагӣ барин сифатҳои ахлоқиро ба онҳо хотиррасон намудан зарур аст.. Маънои некӣ ва бадиро на ҳама дуруст мефаҳманд.

            Муносибати наврасон ба меҳнат гуногун аст. Як гурӯҳи онҳо бештар табиати дилраборо дӯст медоранд, дигаре ба меҳнати бунёдкорона шавқу завқи зиёд дорад, дар ду ҳолат ҳам наврасон бештар ба калонсолон тақлид мекунанд, симои аҳли оиларо дар меҳнату ҷамъият инъикос менамоянд. Бояд роҳбари синф ва падару модарон, бародару хоҳарон бо рафтори неки худ ба насли наврас ибрат нишон дода, онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ бой гардонанд, аз ин рӯ, хушахлоқӣ дар ҳама гуна рафтори калонсолон шарти муҳими тарбия ба ҳисоб меравад. Қайд кардан лозим аст, ки хонандаи наврас бояд самимияти устоди худ – роҳбари синфро доимо ҳис намояд. Дар тарбияи ахлоқии хонандагон анъана, ибрати шахсӣ аҳамияти калони тарбиявӣ дорад.

 

М.Раҷабова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии гимназияи №74, ш.Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш