Нашрияи Омӯзгор

Саводомӯзӣ ва мушкилоти он

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Давраи саводомӯзӣ давраи омӯзиши китоби «Алифбо» мебошад. Вале бо як китоби «Алифбо» кор ба сомон намерасад.

Агар муаллим аз методикаи таълим  бехабар бошад, тарзу усули кор бо шогирдонро надонад, гумон аст, ки натиҷаи назаррасеро соҳиб гардад. Зеро дар синфҳои ибтидоӣ дарс гуфтан кори саҳлу сода нест.

Дар давраи муқарраргаштаи саводомӯзӣ хонандаи синфи 1 бояд, хондану навиштанро ёд гирад. Ин масъулиятро бо ҷуз омӯзгори синфҳои ибтидоӣ каси дигар ба дӯш намегирад. Хонандагоне, ки дар ин айём хату савод намебароранд, рӯҳан азоб кашида, зарари маънавӣ мебинанд. Омӯзгори синфи ибтидоӣ бояд сари ин масъала андеша кунад. Чӣ кор кунад, ки ҳамаи шогирдонаш хондаву навишта битавонанд?

Агар омӯзгор чеҳраи кушода, забони ширин дошта бошад, шогирдон дӯсташ медоранд ва ба ҳама ҳарфаш  гӯш дода, супоришҳояшро дар вақташ иҷро мекунанд. Таъсири сухан дар омӯзиши хату савод басо калон аст.

    Маълум аст, ки дар синфи якум аз рӯйи барнома як корӣ хаттӣ ё имло дар охири сол пешбинӣ шудааст. Ин чиз омӯзгорро бепарво мекунад. Вобаста ба таҷрибаи кориам навиштани имлоро аз ҳарфи аввалини Алифбо оғоз менамоям. Дар аввал ба ҳар як бача варақи алоҳида дода, китобро мепӯшем. Сипас мегӯем, канӣ ҳарфи о-ро навиштем, ё а-ро навиштем. Назорат мекунем, ки оё ҳама навиштаанд ё не. Вақте, ки якчанд ҳарфи садоноку ҳамсадоро хондем, ба навиштани ҳиҷо оғоз мекунем. Мисол: ла, ло, на, ро, но…. Ба тадриҷ ба навиштани калимаҳои якҳиҷодор, дуҳиҷодор, сипас ба навиштани ҷумла сар мекунем. Ҳар рӯз фурсат ёфта, 5-6 дақиқаро ба навиштани имло мебахшем. Ҳамин тавр, то хатми Алифбо ҳамаи хонандагон озодона имло менависанд. Фаромӯш набояд кард, ки инкишофи нутқи хаттӣ хотираро қавӣ месозад. Агар мо, омӯзгорони синфи ибтидоӣ, методи таҳлил ва таркиби овозиро истифода бурда тавонем, давраи саводомӯзӣ пурсамар ва бо муваффақият анҷом меёбад.

Ҳар як омӯзгор метавонад бо тарзу усулҳои гуногуни дар ҷараёни саводомӯзӣ бо комёбию муваффақиятҳои назаррас соҳиб гардад. Барои ин бояд меҳри касби омузгориро бо меҳри кӯдакон омӯзиш дода тавонем.

Мисқолбӣ Азимова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш