Мушкилиҳое, ки дар фаъолияти касбии омӯзгор ба вуқӯъ меоянд, дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва омӯзиши пайдарпай ҳалли худро меёбанд.
Яке аз усулҳои наве, ки дар замони муосир омӯзгорон дар дарсҳои худ истифода менамоянд, кор дар гурӯҳҳо ва ё худ гурӯҳбандӣ мебошад.
Кор дар гурӯҳҳо ба хонандагон имкон медиҳад, ки онҳо фикру андешаҳои хешро нисбат ба ин ё он масъала озод баён намоянд.
Кори гурӯҳӣ дар раванди таълим нақши бориз дошта, имрӯз яке аз усулҳои умдатарин ба шумор меравад. Ин усули кор ба рушди тафаккур ва эҷодкории хонандагон кумак мерасонад.
Кор бояд дар гурӯҳҳо ба таври зерин сурат гирад:
1.Синф ба гурӯҳҳои 3-7 - нафарӣ тақсим карда мешавад.
2.Вазифаи ҳар як гурӯҳ муайян карда мешавад ва он метавонад гуногун бошад. Вазифаро ба таври супориш худи омӯзгор муайян месозад. Масалан, агар дар дарсҳои забони русӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ кор аз рӯйи ягон машқ ба роҳ монда шавад, ҳар як хонанда фикри худро оид ба супориши омӯзгор алоҳида-алоҳида баён месозад.
3. Дар вақти кор дар гурӯҳ нақши ҳар касро ба таври алоҳида низ муайян кардан мумкин аст.
4.Иҷрои вазифа ва ё супориш дар гурӯҳ ба тафаккури хонандагон таъсири мусбат мерасонад.
5.Ҳалли масъала ё хулосаи гурӯҳ бо тамоми аҳли синф дар миён гузошта мешавад.
Яке аз беҳтарин усулҳое, ки дар раванди гурӯҳбандӣ нақши бағоят калон дорад, роҳҳои гурӯҳбандӣ мебошад, ки ҳар як омӯзгор бояд аз онҳо воқиф бошад.
Бо хоҳиши хонандагон, онҳоро ба гурӯҳҳои 3-4-нафарӣ ҷудо кардан низ мумкин аст. Ин тарз ҳамон вақт истифода мешавад, агар омӯзгор синфро хуб донад ё барои омӯзгор аз ҳалли мавзӯъ дида, раванди кор зарурат бошад.
Ҷиҳати дигари ин кор он аст, ки хонандагон касонеро, ки мехоҳанд ё таваҷҷуҳи зиёдтар ба якдигар дошта бошанд, ҳамонҳоро интихоб мекунанд.
Роҳи дигари гурӯҳбандӣ роҳи тасодуфии интихоб мебошад, ки чунин шакл дорад:
1. Қисми синф як гурӯҳ мешавад.
2. Қатори аввал гурӯҳи 1 ва қатори дигар гурӯҳи 2 ва ғайра.
3. Қуръапартоӣ
Мисол:
1. Касоне, ки исмашон бо садонок оғоз мешавад-гурӯҳи якум ва касоне, ки исмашон бо ҳамсадо оғоз мешавад-гурӯҳи дувум.
2. Аз рӯи мавсими таваллуд: баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон
Тақсимот аз рӯи нишонаҳо низ комилан ба худи омӯзгор вобастагии калон дорад. Дар муддати кӯтоҳтарин омӯзгор метавонад синфашро ба гурӯҳҳо тақсим намояд. Ин тарзи гурӯҳбандӣ хонандагонро сарҷамъ мекунад, ки бо ҳам ошно нестанд ё ба ҳам ҳусни тафоҳум надоранд. Аз тарафи дигар, касоне ҳастанд, ки бо ҳам умумият ё ягон чизи муштарак доранд.
Дар интихоби гурӯҳҳо омӯзгор кӯшиш мекунад, ки қуввати гурӯҳҳо баробар бошанд. Аммо барои ин омӯзгор бояд синфро хуб донад, вале ихтиёр дорад, ки ҳадафи гурӯҳсозмондиҳиро ба онҳо шарҳ диҳад.
Дилфуза Ҷалилова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр