Нашрияи Омӯзгор

Кор бо хонандаи сустхон

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 899        Шарҳ: 0

 

Дар ҷараёни таълиму тарбия дар баробари хонандагони фаъолу ботарбия, хонандагони сустхону камҳаракат низ вомехӯранд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксар омӯзгорон ба ин гуна хонандагон диққат намедиҳанд ва аз аввали соли хониш то охири он ба онҳо аз рӯи “дилсӯзӣ” баҳои “3” мегузоранд ва бо ҳамин гӯё вазифаи худро иҷро мекунанд. Илми равоншиносӣ собит кардааст, ки ҳар як кӯдак новобаста аз хусусиятҳои мизоҷаш метавонад донишҳоро аз худ кунад. Хонандагони сустхон ва камҳаракатро дар илми равоншиносӣ гиперфаъол меноманд. Омӯзгоронро зарур аст, ки бо ин гуна хонандагон тарзи муносибат карданро омӯзанд:

Масалан, бо онҳо бо тарзи инфиродӣ кор баранд, доимо диққати онҳоро ба худ ҷалб намоянд. Ҳарчанд сустхон корро нодуруст иҷро карда бошад ҳам, ӯро сарзаниш накунанд, бештар ҷиҳатҳои мусбиашро қайд кунанд. Хонандагони сустхон бояд дар партаи пеш дар рӯ ба рӯи омӯзгор нишинанд. Онҳоро чунон тарбия бояд кард, ки чизҳои нафаҳмидаашонро аз омӯзгор пурсида тавонанд. Дар лаҳзаҳои мустаҳкамкунии дарс ҳатман аз онҳо супориши додаи худро пурсад. Ба онҳо супориши навбатии осон диҳад.

изи дигаре, ки боиси пешравии ин гуна хонандагон мешавад, сухани хуб аст.

Лутфи сухан метавонад дили хонандаро ба дониш гарм кунад. Ҳангоме ки хонандаи сустхон каме ҳам бошад, ба дарс ҷавоб диҳад, омӯзгор бояд бо сухан ӯро рӯҳбаланд кунад: “Офарин”, “Қанд зан”, “Имрӯз ту хеле хуб ҷавоб додӣ”, “Ту аз уҳдаи кор мебароӣ”. Ба ғайр аз ин, ба аҳли синф муроҷиат карда гӯяд: “ Биёед, ҳама кафкӯбӣ кунем, чунки имрӯз (исми хонандаро бо иловаи “ҷон” гирифта) дарсро нағз аз худ кардааст.

Дили кӯдакро ба хондан гарм бояд кард. Камбудиҳои хонандаро тарзе бояд гуфт, ки дилаш аз хондан намонад. Ба ӯ набояд суханҳои қабеҳ гуфта, дӯғу пӯписа намоем. Маломату сарзаниш боиси дилмондагии кӯдакон мешавад.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамкорон чунин тавсияҳо пешниҳод менамоем:

1) Ба хонандагони сустхон саволҳои душвор надиҳанд

2) Бо суханҳои хуб дили онҳоро ба даст оварда, шавқашонро ба донишомӯзӣ бедор намоянд.

3) Ба онҳо супоришҳои содаи алоҳида диҳанд.

4) Ҳаргиз онҳоро сарзаниш накунанд ва суханҳои дилхунуккунанда нагӯянд.

5) Одитарин муваффақияти хонандаро қадр карда, дар назди ҳамсинфон ӯро таъриф кунанд.

6) Характер ва мизоҷи хонандаро омӯхта, аз рӯи он амал кунанд.

Саид АЗИЗМУРОДОВ,

омӯзгор, равоншиноси

мактаби №41-и

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш