Нашрияи Омӯзгор

Диктантҳои математикӣ

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Диктантҳои математикӣ яке аз шаклҳои маълуми санҷиши дониш мебошанд. Муаллим худ ё бо ёрии асбоби овозсабткунанда саволҳоро баён мекунад; хонандагон бо тартиби муайян ҷавобҳои саволҳоро мухтасар менависанд.

Аммо ин тарзи санҷиш, мутаассифона, кам истифода бурда мешавад. Ба мо асосан ду омили истифода набурдани ин тарзи санҷиш маълуманд:

1. На барои ҳар як мавзӯъ диктантҳои математикиро истифода бурдан мумкин  аст;

2. Ба хонандагон қабул намудани супоришҳо ба тариқи шифоҳӣ  хеле душвор аст.

Ин гувоҳ аз он аст, ки хонандагон барои диктантҳои математикӣ тариқи шифоҳӣ тайёр нестанд. Вале агар чунин диктантҳо мунтазам гузаронида шаванд, хонандагон ба қабули шифоҳии супоришҳо зуд одат мекунанд.

Одатан диктантҳои математикӣ  дар 2 вариант дода мешаванд. Лекин гузаронидани диктантҳо дар чунин намуд барои муаллим душвориҳои зиёде меорад: муаллим бояд бо як суръати муайян матнро хонад, синфро идора намояд; ба муроҷиатҳои пайдарҳами хонандагон, ба монанди «такрор кунед», «ман қафо мондам»,  «ручкаам наменависад» ва ғайра аҳамият диҳад. Илова ба ин, хонандагон на ҳамеша варианти худашонро медонанд, онҳо мунтазам бо пурсиш ва аниқ намудани варианти худ ба муаллим халал мерасонанд. Аммо ҳамаи ин душвориҳо бо ёрии асбоби овозсабткунӣ бартараф карда мешаванд. Агар вариантҳо бо ёрии ду овоз : занона ва мардона (варианти 1 ва 2) сабт карда шаванд, хатогиҳое, ки бо ивазкунии вариантҳо вобастагӣ доранд, бартараф карда мешаванд. Хонанда умуман, ба овози «бегона» аҳамият намедиҳад ва оромона бо иҷрои супоришҳои худ машғул мешавад ва ҳангоми шунидани овози «варианти худ» бодиққатона ба гӯш кардани супориши навбатӣ шурӯъ мекунад. Дар ҳолати истифода бурдани ин асбоб хонандагон бодиққат мешаванд, зеро онҳо дарк мекунанд, ки барои ин «асбоби беҳиссиёт» ҷустани ҳар гуна баҳонаҳои бемаврид аҳамияте надорад. Бинобар ин, дарсвайронкуниҳо дар ин ҳолат кам ба назар мерасанд..

Суръати хониши диктант ва таваққуфҳо ба суръати кори хонандаи миёнахон бояд мувофиқ карда шавад. Бояд ба назар гирифт, ки диктанти математикӣ на танҳо хушзеҳнии хонанда, балки дониши ӯро  арзёбӣ мекунад. Агар хонанда ҳангоми ҷавоби савол бисёр фикр кунад, ин нишонаи он ки вай ҷавобро намедонад ва ҳеҷ гуна таваққуфи зиёдатӣ ба ӯ ёрӣ намерасонад. Натиҷаи санҷиш бояд фаврӣ дар ҷараёни дарс маълум гардад ва камбудиҳо ислоҳ карда шаванд. Вале агар муаллим мунтазам ва бо як системаи аниқ ин корро иҷро намояд, ба натиҷаҳои  мусбат муваффақ мегардад. Барои ин, масалан, баъди тамом шудани диктант, хонандагон корҳои якдигарро месанҷанд; муаллим дар тахтаи синф ё  тахтаи электронӣ ҷавобҳои дурустро нишон медиҳад; хонанда дар корҳои ҳамсинфаш дар болои ҷавоби дуруст аломати «+», дар болои ҷавоби нодуруст аломати « - » мегузорад. Агар дурустии ҷавоб  аниқ набошад, аломати «?» гузошта мешавад. Баъди тамом шудани санҷиш муаллим бо навбат насаби хонандаро номбар мекунад ва хонанда миқдори ҷавобҳои дурустро мегӯяд.

 

М. Азизова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш