Нашрияи Омӯзгор

Қуроқдӯзӣ

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

 

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам овард. Намудҳои ҳунарҳои бостонии миллии тоҷикон хеле зиёд аст.

Дӯзандагӣ аз қадимтарин касбу ҳунарҳои мардумӣ буда, ҳанӯз одамони ҷамоаи ибтидоӣ пас аз шикори ҳайвоноти ваҳшӣ аз пӯсти онҳо барои пӯшиши бадани хеш навъе «либос медӯхтанд». Ин пеша бо мурури замон вобаста ба пешрафти ҳамаҷонибаи ҷамоаи инсонӣ рушд ёфт ва ба ҳунарҳои гуногуни ҳамин соҳа тақсим шуд. Дар хилқати мардумӣ ва бахусус, мардуми мо расм шудааст, ки маъмулан духтарбача аз 8-9 - солагӣ бояд аз бибӣ, модар, апа ё ҳеҷ набошад, аз ҳамсояҳояш дӯхтанро ёд гирад. Ҳоло ин масъала бо пайдо шудани мактабҳои тахассусӣ ва коргоҳхои дӯзандагӣ ҳал гардидааст. Дӯзандагӣ пешаи хеле муҳими мардумӣ буда, аз тарзу усули махсуси дӯхт ва гуногуннавъии ба ҳам пайвастани матоъҳои дӯхташаванда иборат мебошад. Биноан, тарзи дӯхтан равандест, ки истилоҳҳои  фаровони касбӣ дорад.

Ман чун омӯзгори фанни технология (таълими меҳнат) дар мактаби № 35, шаҳри Душанбе фаъолият дорам, ба шогирдони худ дар баробари маълумот додан дар бораи таърихи пайдоиш ва рушди ҳунарҳои халқӣ, инчунин, нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ ва миллии тоҷик маълумот медиҳам. Ҳунарҳои занона хеле зиёданд. Ман дар машғулиятҳои худ дар радифи дигар ҳунарҳо дар бора таърихи ду навъи санъати аҷдодии дӯзандагӣ, ки дар солҳои охир қариб ба фаромӯшӣ расида буданду дар пас аз Истиқлол рушд намуда истодаанд  – қуроқдӯзӣ ва тоқидӯзӣ маълумот дода, таъкид намудам, ки яке аз ҳунарҳои зебою пурмаънии бонувони тоҷик қуроқдӯзист, ки он таърихи қадима дорад.

Қуроқдӯзӣ як навъи ҳунарест, ки аз пораҳои матоъ иборат буда, бо тахайюлоти бой ва нақшҳои миллии тоҷикон ин пораҳоро ба ҳам пайваст мекунанд. Санъати қуроқдӯзӣ ин дӯхтани маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтани порчаҳо ё резаҳои матоъ мебошад. Бонувони ҳунарманди тоҷик аз пораи матоъҳои гуногун ба шаклҳои чоркунҷа, секунҷа ва тасмачаҳои ҳархела асосан дастурхон, чодари арӯсӣ, кӯрпа, кӯрпачаҳои кӯдакона, болиштҳои калону хурд, ҳатто куртаҳои қуроқӣ, ҷомаҳои кӯдакона, дастбанди гаҳвора, оинахалта, чойхалта ва ғайраҳоро дӯхта тайёр мекунанд. Дар рӯйи дастурхони қуроқӣ таом хӯрдан дар миёни мардум «савоб” дониста мешавад.

Асосан қуроқҳо аз матоъҳои сурх, сафед, сабз, сиёҳ, кабуду зард, бунафш ва ғайра дӯхта мешаванд. Занон аз ҳунари қуроқ истифода бурда, пораҳои ҳама гуна матоъҳои аз либосҳо зиёдатӣ баромадаро низ қуроқдӯзӣ мекунанд. Навъҳои гуногуни қуроқдӯзӣ мавҷуд аст: варақӣ, қуроқи чашмӣ, қуроқи қуӣ, қуроқи осиёбӣ, қуроқи ба шакли омезиш. Ҳар яке аз ин навъҳо маънии мушаххаси худро дорост.

 

Муқаддас Икромова,

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш