Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқот кард.
Мавриди зикр аст, ки Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи 20 ихтисос дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантура мутахассис тайёр менамояд. Заминаи моддию техникии донишкада ҷавобгӯи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаи алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст.
Донишкада бо зиёда аз 200 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дошта, қисме аз таҷрибаомӯзон баъд аз хатм дар он ташкилот ва корхонаҳо бо кор таъмин мешаванд.
Тавре таъкид гардид, дар донишкада бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир ва донандаи се-чор забони хориҷӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, 14 гурӯҳе, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд.
Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳи Аврупо, ИМА, Осиё ва ИДМ созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону донишҷӯён ва магистрон тибқи барномаҳои ЭРАСМУС - МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр