Нашрияи Омӯзгор

Минтақаи Бохтар: камбудиҳоро бартараф бояд кард

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ, таъминоти кадрӣ ва таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдаки шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар ин робита бо сардори шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва рушди барвақтии кӯдакони Вазорати маориф ва илм Соҳибназар Сафаров суҳбате оростем.

Тавре номбурда иброз дошт, айни замон дар вилояти Хатлон 147 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 15 679 нафар кӯдак ва 791 адад Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 18 942 нафар кӯдак фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдаки вилоят 34 621 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ин рақам 9%-ро ташкил медиҳад, ки хеле кам аст. Зеро имрӯзҳо теъдоди кӯдакони синни томактабии вилоят 386 257 нафарро ташкил медиҳад.

Дар 14 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бошад, шумораи муассисаҳои  таҳсилоти томактабӣ 100 адад (бо фарогирии 11 556 нафар) ва 454 адад Маркази инкишофи кӯдак (бо фарогирии 8878 нафар) фаъолият менамояд. Зимни санҷиш ба мо аён гардид, ки агар вазъи фарогирӣ дар шаҳрҳои Бохтар (21%), Леваканд (14%), ноҳияи Шаҳритуз (18,3%) каме хубтар бошад, пас ин нишондиҳандаҳо дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ (3,7%), Ҷайҳун (4%), Дӯстӣ (5,3%), Қубодиён (6,5%) қаноатбахш нестанд. Бинобар ин, масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро зарур аст, ки ба вазъи фарогирии кӯдакон диққати зарурӣ дода, дар давоми 2 сол ҷиҳати то ба 30% расонидани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Тавре огаҳӣ дорем, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №295, аз 2 майи соли 2014 “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” қабул гардид. Мутобиқи талаботи ин барнома дар давоми солҳои 2014-2018 дар вилояти Хатлон бояд 235 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ таъсис дода мешуд. Мутаассифона, талаботи барномаи мазкур дар вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2014-2018 иҷро нагардидааст. Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 5 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, 1 адад дар шаҳри Бохтар, 1 адад дар шаҳри Кӯлоб, 1 адад ноҳияи Муъминобод ва 2 адад дар шаҳри Леваканд, ки бинобар баланд будани арзиши пардохти моҳонаи кӯдакистон фаъолияти пурра надоранд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят кӯдакистонҳои хусусӣ таъсис дода нашудаанд.

Дар идомаи суҳбат С. Сафаров афзуд, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки барои низоми таҳсилоти томактабӣ ҳалталаб боқӣ мемонад, ин бо кадрҳои ихтисосманд таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак мебошад. Ҷараёни санҷиш нишон дод, ки аз 101 нафар мудири кӯдакистонҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 57 нафар бо таҳсилоти мувофиқ бо мансаби ишғолкарда (таҳсилоти олии  томактабӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ), 43 нафар бо таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамчунин, бо таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ғайрипедагогӣ низ фаъолият менамоянд. Масалан, мудирони кӯдакистонҳои №№1,4-и ноҳияи Вахш бо ихтисоси  ҳуқуқшинос, №12-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ихтисоси иқтисодчӣ, №4-и ноҳияи Кушониён бо ихтисоси ҳамшираи тиббӣ, №3-и ноҳияи Шаҳритуз бо ихтисоси гидромелеоратор фаъолият менамоянд. Аз ҳисоби омӯзгорони фанҳои дигар (забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, математика, химия ва биология, физика ва таърих) низ  ба вазифаи мудири кӯдакистон таъйин гардидаанд. Ҳамчунин, 15 мудири кӯдакистон бо таҳсилоти олии нопурра ва ё таҳсилоти миёнаи касбӣ дар вазифаи мудири муассисаҳои томактабӣ кор мекунанд. Ҳол он ки мутобиқ бо талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №256, аз 29 апрели 2015) ба вазифаи мудири кӯдакистон шахсоне таъйин карда мешаванд, ки таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дошта бошанд.

- Ҳолати нигоҳдории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳкими пояҳои моддӣ-техникӣ, таъминоти кадрӣ, иҷроиши талаботи барномаи таълимӣ тарбиявӣ низ дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдаки шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар як сатҳ қарор надоранд, - изҳор дошт С. Сафаров. - Бояд гуфт, ки ҳамаи муассисаҳои  томактабӣ бо Барномаи таълимии “Рангинкамон” таъмин буда, машғулиятҳоро мутобиқ ба талаботи он ба роҳ мондаанд. Ҳуҷҷатҳои меъёрии-ҳуқуқии соҳа низ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида  шудаанд, вале иҷрои Стандартҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ вобаста ба теъдоди кӯдакон дар гурӯҳҳои синнусолӣ дар аксари кӯдакистонҳои шаҳр ва марказҳои ноҳия риоя нагардидааст. Шумораи кӯдакон дар баъзе аз муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, кӯдакистонҳои №2-и шаҳри Бохтар, №1-и ноҳияи Қубодиён, №3-и шаҳри Леваканд, №13-и ноҳияи Ёвон беш аз 30-35 нафаранд, ки ин аз риоя нагардидани талабот шаҳодат медиҳад.

Ҳолати биноҳои кӯдакис-тонҳои шаҳрҳои Бохтару Леваканд, ноҳияи Қубодиён хуб буда, корҳои созандагӣ дар ин муассисаҳо хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Намуди берунии кӯдакистонҳои шаҳри Бохтар таъмир гардида, рангу бори беруни бино, дохили  гурӯҳҳо, майдончаҳо хеле хуб аст, ки ба баланд гардидани ҳисси зебоипарастии кӯдакон мусоидат мекунад. Аммо ин ҳолат дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияҳои Кушониён, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ ба назар намерасад. Маълум гардид, ки ду кӯдакистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби прокуратураи ноҳия, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, шуъбаи оташнишонӣ бинобар сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудан аз моҳи апрел то моҳи август баста шуда будааст. Шурӯъ аз моҳи сентябр танҳо 2 гурӯҳи муассисаҳои номбурда фаъолиятро оғоз намуданд. Мутаассифона, кӯдакистонҳои №№1,3-и ноҳияи Шаҳритус, №16-и шаҳри Бохтар, №2-и ноҳияи Қубодиён, №1,2-и ноҳияи Хуросон дар ҳолати начандон хуб қарор доранд. Биноҳо таъмирталаб буда, баъзе гурӯҳҳо бинобар дар ҳолати ногувор будан фаъолият намекунанд. Тақрибан 90%-и маблағи ҷудогардида барои нигоҳдории муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ барои пардохти музди меҳнат сарф мегардад. 10%-и боқимонда барои нигоҳдории муассисаҳои томактабӣ басанда нест.

Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронист, ҷудо намудани маблағ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои хӯроки кӯдакон мебошад. Мутобиқ бо меъёрҳои муқарраргардида бояд барои ғизои кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ на камтар аз 12 сомонӣ маблағ ҷудо  гардад.

Дар фарҷоми суҳбат сардори шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва рушди барвақтии кӯдакони вазорат Соҳибназар Сафаров қайд кард, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон чунин корҳоро бояд ба анҷом расонид:

- масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи минтақаи мазкурро мебояд аз имкониятҳои дохилӣ истифода бурда, барои бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар доираи талаботи барномаҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ андешанд;

- масъалаи ба кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани  муассисаҳои томактабӣ (мудирони кӯдакистонҳо, мураббияҳҳо, мушовирон) аз ҷониби раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шавад;

- ҷиҳати татбиқи мукаммали “Барномаи давлатии рушди  муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар барои соҳибкорону хоҳишмандоне, ки мактаб ё кӯдакистон сохтанӣ ҳастанд, шароити мусоид фароҳам гардад;

- масъалаи маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва ҷудо намудани маблағи кифоя барои хӯроки кӯдакон мавриди иҷро қарор дода шавад;

-иҷрои бечунучарои талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ вобаста ба теъдоди кӯдакон дар гурӯҳҳои синнусолӣ таъмин карда шавад;

- ба масъалаи аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани  мураббиён, мушовирон диққати ҷиддӣ дода шавад;

- дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш