Нашрияи Омӯзгор

Ҳунар давлатест поянда

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Миёни халқи тоҷик касбу ҳунарҳои анъанавӣ аз қадим то ба имрӯз  як ҷузъи ҷудонашавандаи  фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар ҳаёти мардум мавқеи хосса доранд.

Дар пешрафти навъҳои мухталифи касбу ҳунарҳо нақши ҳунармандон хеле бориз аст. Ҳунармандон тавассути пешаи худ ҳам зиндагиашонро таъмин мекунанду ҳам талаботи мардумро қонеъ мегардонанд. Дар натиҷаи эҷодкорӣ ва интиқол ин ё он ҳунар рушд карда, навовариҳои зиёде ба он ворид мегардад. Ҳунарҳои нисбатан маъмулии халқи тоҷик: оҳангарӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, дуредгарӣ, созтарошӣ, наългарӣ, бофандагӣ, заргарӣ, танӯрсозӣ ва монанди инҳо буда, барои ҳаёти рӯзмарраи мардум хеле зарурӣ мебошанд.

Имрӯзҳо тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бо мақсади пажӯҳиш, ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расидааст.

Тадбири тозае, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он иқдом кардааст, ташкили корхонаҳои атласбофӣ ва адрасбофӣ дар шаҳру навоҳии кишвар мебошад.

Адрасбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулии тоҷикон маҳсуб меёбад. Аз матои адрас сару либоси гуногун ва дигар ашё медӯзанд, ки мардум дар ҳаёти маишии хеш васеъ истифода мебаранд. Адрасбофӣ таърихи тӯлонӣ дошта, имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар маъмул аст. Дар замони муосир дастгоҳ ё корхонаҳои адрасбофӣ дар ҳар як шаҳру деҳаи кишвар мавҷуданд ва ҳунармандон аз рӯйи рисолаҳои касбии суннатӣ амал мекунанд. Солҳои пештар адрасро аз абрешими нисбатан дурушт мебофтанд, ки нахи он аз 15-20 пиллаи даҳбанда иборат буд. Ҳар банд 200 нах дошт. Аз ҳар сӯрохи теғи дастгоҳи бофандагӣ чор торро мегузарониданд. Адрасбофии як ноҳия аз ноҳияи дигар танҳо аз рӯи нақшҳои офаридаи ҳунарманд фарқ мекунанд. Ҷараёни бофтани он дар ҳама ҷо як хел сурат мегирад. Агар дар ҳар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя меномиданд.

Баъзе касбу ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон вобаста ба минтақаҳо, иқлим ва шароити зисташон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Дар саросари кишвар атлас ва адрас имрӯзҳо аз матоъҳои серхарид маҳсуб мешаванд. Хосатан, дар даврони соҳибистиқлолӣ занону духтарони тоҷик дар ҷашну маросимҳои анъанавӣ аз матоъҳои мазкур ба таври васеъ истифода мекунанд.

Манзура

ИСКАНДАРОВА,

омӯзгори

забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш