Нашрияи Омӯзгор

Обу ободӣ

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Мақсади мо, омӯзгорон, тарбия намудани шогирдон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, дӯст доштани табиат, арҷгузорӣ ба боигариҳои он, пок нигоҳ доштани об ва сарфаю сариштакории он дар муҳити оила ва ба ин васила дар ботини онҳо парваридани меҳру муҳаббат нисбат ба табиати нотакрори кишварамон мебошад.

Воқеан, об муъҷизаи бебаҳои табиат аст ва чӣ хеле ки олими Юнони Қадим Арасту мефармояд, «об асоси пойдории оламро ташкил медиҳад». Ниёгонамон низ дар осори худ ишора намудаанд, ки показагии замин аз об аст.

Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ аст. Зеро бидуни об зиндагии мардум ва рушди босуботи иқтисодиёти кишварро тасаввур кардан ғaйриимкон аст. Об яке аз омилҳои муҳими дастёб шудан ба ҳадафҳои рушди устувор аст.

Дар таърихи 30 ноябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари Венгрия, дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба масъалаи об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба об, хусусан, сармоягузорӣ ва инфрасохтор дар ин соҳа ду манбаи роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об бо назардошти равандҳои нав, пеш аз ҳама, таъсири тағйирёбии иқлиму афзоиши аҳолӣ, ки ба камшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва зиёд шудани истеъмоли об оварда мерасонанду омилҳои калидӣ ва манфиатовар ба ҳисоб мераванд, фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда, қайд намуданд, ки тамоми мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки нақша ниҳоят муҳим ба шумор рафта, барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи боэътимод фароҳам меоварад.

 Ҳадафи асосии эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мусоидат ба саъю талоши ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири то соли 2028 иҷро намудани уҳдадориҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба захираҳои об мебошад. Дар ин қатъномаи даҳсола маҳз ба шарофати дидгоҳу бардоштҳои нав ва амалиёти ҳамоҳангшуда, доир ба татбиқи амалии ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ муайяншудаи соҳаи об, аз ҷумла, дар самти дастёбӣ ба ҳадафҳои марбутаи рушди ҳазорсола (ду баробар кам кардани теъдоди одамоне, ки ба оби безарари нӯшокӣ ва воситаҳои асосии санитарӣ дастрасӣ доранд) пешрафти назаррасу муассир ҳосил гардид.

Имрӯз раванди амалисозии ибтикороти эълоншуда равшану возеҳ ба мушоҳида мерасад. Ҳамгироии масъалаи об бо барномаву нақшаҳои рушд сурат гирифта, муттаҳидии ҳарчи бештари саъю талоши ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муштарак оид ба об ба вуқӯъ мепайвандад. Аммо олами муосир ва зyдтaғйиpёбaндa моро ҳамоно бо таҳдиду хатарҳои наве дучор мегардонад, ки онҳо, мутаассифона, таваҷҷуҳи моро аз масири асосии ҷаҳду талош дур месозанд. Вазъи баамаломадаи захираҳои бузург, сарфи вақт ва саъю кӯшиш ҷиҳати пешгирии онҳо ва муқовимат ба ин таҳдиду хатарҳоро тақозо мекунад. Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, хӯрокворӣ ва энергетикӣ, бемориҳои сирояткунанда, зуҳуроти терроризм ва экстремизм, низоъҳои ҳарбӣ дар як қатор кишварҳо ва минтақаҳои олам, дигар таҳдиду хатарҳои муосир аз бисёр ҷиҳат ба комилан амалӣ гаштани ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалӣ монеъ шуданд.

 

Манзура ШЕРОВА,

омӯзгори мактаби №80-и

 ноҳияи Синои пойтахт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш