Нашрияи Омӯзгор

Ташаббусе, ки қобили дастгирист

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалии худ дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба об миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф пайдо намуда, дар ин самт аллакай гомҳои устувор ниҳода истодааст.

Марҳилаи навбатии ташаббуси Тоҷикистон ин эълон гардидани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мебошад, ки аллакай аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои аъзои он ҷонибдории гарму ҷӯшон пайдо намуд.

Дарвоқеъ, маҳз ибтикорот ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи кунунии ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо карда, бо пешниҳодоти муфиди хеш дар масоили об эътибори хоссаро касб намояд. Ба андешаи инҷониб, чунин мавқеъгирӣ ва ташаббусҳо аз он сарчашма мегиранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари он кишварҳое, ки захираи бузурги обро соҳибанд, нисбат ба об ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии инсоният масъулияти бештареро ба уҳда дорад. Мо, ки дар минтақаи Осиёи Миёна дар саргаҳи оби тозаи ошомиданӣ қарор дорем, талаботи рӯзафзуни  ҷомеаи имрӯзаро ба оби тоза беш аз ҳарвақта дарк менамоем ва кӯшиш бар он дорем, ки нисбат ба ин рукни муҳимми ҳаётӣ муносибат то андозае ғамхорона, дурбинона ва масъулиятшиносона сурат гирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дар ин масъала гомҳои устувор ниҳода, аз ин неъмати бебаҳо хуб истифода карда истодааст. Масалан, мо дар солҳои наздиктарин ба истеҳсоли энергияи сабз даст меёбем, ки намунаи он дар ҷаҳон назир надорад. Ҳамчунин, сохтмони неругоҳҳои обии барқии гуногун дар саросари кишварамон, ки давра ба давра роҳандозӣ шуда истодаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи даҳсолаи мазкур корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад.

 

Малоҳат Содиқова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш