Нашрияи Омӯзгор

Об ва ҳастии олам

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Об муъҷизаи олам буда, натанҳо сарчашмаи ҳаёт дар сайёраи Замин, балки ҳамчун яке аз биотопҳои муҳим 70 фоизи кураи заминро ташкил медиҳад.

Об дар соҳаи кишоварзӣ асосан барои обёрии заминҳо сарф мешавад. Ҳоло дар кураи замин зиёда аз  230 млн. га замин обёрӣ карда мешавад, ки 73 % - и он ба қитъаи Осиё рост меояд. Масоҳати заминҳои обёришаванда дар ИМА зиёда аз 20 млн. га, дар Ҳиндустон 27,5 млн. га ва дарТоҷикистон 720 га-ро ташкил медиҳад.

Аз ҳад зиёд истифода бурдани об ва талабот ба он,ба камшавии сарватҳои обӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилоти норасоии об дар ҷаҳон дар солҳои охир бараъло мушоҳида мешавад.

Умуман, дар замони муосир талабот ба об рӯз аз рӯз меафзояд, чунки шумораи аҳолии сайёраи замин сол аз сол меафзояд. Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилӣ надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳанд. Аҳамияти муҳими ин масъаларо ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи оламиёнро ба ин масъала ҷалб намуд. Моҳи марти соли 2003 дар шаҳри Киотои Ҷопон конфронси байналхалқии “Об манбаи ҳаёт” баргузор гардид. Соли 2018-2028 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли“Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”эълон гардида, аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд. 22 - юми март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 расман оғоз гардид. 

Ман, ҳамчун омӯзгор, пешниҳод менамоям, ки барои бартараф кардани проблемаҳои ҷойдошта сараввал дар ниҳоди насли наврас тарбияи ҳисси баланди ватандорӣ ва сарфакорона истифода намудани сарватҳои табиӣ, махсусан, об ба роҳ монда шавад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон обро сарфакорона ва оқилона истифода барад. Васоити ахбори омма ба ин проблема бояд диққати бештар зоҳир намуда дар барномаҳои телевизионӣ доир ба мавзуи об барномаҳои рангин тайёр ва намоиш дода шаванд. Дар тамоми муассисаҳо семинарҳо, мизҳои мудаввар, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳо доир карда шаванд, чунки  Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ дар ҷаҳон дар ҷойи 8-ум ва дар байни ИДМ ҷойи 2-юмро ишғол менамояд.

 

Зуҳро ҚИРҒИЗБЕКОВА,

омӯзгори биологияи

мактаби Президентии

шаҳриХоруғ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш