Нашрияи Омӯзгор

Бунёди 32 бинои муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорон

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) дар радифи дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба бунёду  азнавсозии муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла, роҳандозии ин раванд аз ҷониби соҳибкорону шахсони ҳимматбаланди ватандӯст  таваҷҷуҳи махсус  зоҳир карда шуд.

Пешвои миллат аз иқдомҳои созандаи як идда соҳибкорону мардони саховатпеша, ки дар бунёди таълимгоҳҳои нав дар навоҳии Рашту Рӯдакӣ, Ёвон, шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб саҳм гузоштаанд, ёдовар шуда, аз  шаҳрвандони мамлакат даъват  ба  амал оварданд, ки  дар ин бобат бетарафиро пеша накарда, баҳри ободию  сарсабзии кишвар саъю талош намоянд. Дар ин мавзӯъ суҳбате доштем бо муовини сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Дилшод Сафаров, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагони нашрия менамоем.

-Тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 29.12.2018, №594 «Дар хусуси тадбирҳои  иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2019» аз ҳисоби маблағҳои  мутамаркази асосӣ ба Вазорати маориф ва илми кишвар ҷиҳати сохтмони иншооти  соҳаи маориф маблағҳои зарурӣ пешбинӣ гардида буд,-гуфт Д.Сафаров ва тавзеҳ бахшид, ки дар соли 2019, дар маҷмӯъ, ҳаҷми корҳои иҷрогардидаи сохтмонӣ 23 млн. 650 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он 100, 4 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Соли сипаригардида аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ  бинои нави муассисаи таълимии №38 барои 168 ҷойи нишаст дар ноҳияи  Кӯшониён, биноҳои  филиали мактаби №19 барои 98 хонанда ва филиали муассисаи таълимии №14 низ барои 96 ҷойи нишаст дар ноҳияи Балҷувон, ки қаблан дар хонаҳои шахсӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қарор доштанд, сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, сохтмони муассисаи таълимии №33 барои 144 ҷойи нишаст дар деҳаи Муллоконии Ҷамоати деҳоти Сари Хосори   ноҳияи  Балҷувон моҳи август ба анҷом расида, бо иштироки Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Илова бар ин,  муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Восеъ ва мактаби №3-и ноҳияи Темурмалик аз таъмири асосӣ бароварда шуда, муассисаҳои таълимии мазкур бо васоити замонавии  технологӣ ва аёниятҳо муҷаҳҳазонида шуданд. Тибқи банди 6-и нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ дар маросими баистифодадиҳии навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-чорабиниҳо оид ба  иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат  (27 июни соли 2017) баён доштанд, ширкати хитоии «ТВЕА» муваззаф гардида буд, ки бинои муассисаҳои таълимиро барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод сохта ба истифода супорад. Тибқи иттилои масъулини ширкати зикршуда сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар маҳаллаи 14-и шаҳри Ваҳдат ва дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод соли равон оғоз хоҳад гардид.  Инчунин, дар доираи амалигардонии лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд ширкати хитоии «Синохидро Тоҷикистон СО» тасмим гирифтааст, ки сохтмони 3 муассисаи таълимиро дар ҷумҳурӣ ба анҷом расонад. Дар ин замина, аз  ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар дар  ҳамдастӣ бо ширкати номбурда дар назар  дошта шудааст, ки дар давоми 24 моҳ  биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳри Бохтар, барои 320 ҷойи нишаст дар  шаҳри Леваканд ва барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара бунёд гардад.

Ба иттилои Д.Сафаров, дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Россия бунёди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русиро дар Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.  Ҳамчунин, бо дастури Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ барои 1200 ҷойи нишаст (дар як баст) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Турсунзода дар назар дошта шудааст.

Бо мақсади  фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» (аз 26.11.2016,№504) қабул гардидааст. Дар барнома сохтмони 21 муассисаи таълимӣ дар назар дошта шудааст.  Инчунин, ба  ивази муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва ё  бо  ҷойи нишасти иловагӣ ниёз доранд, бунёду азнавсозии 314 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, вобаста ба деҳаҳои навбунёд сохтмон ва азнавсозии 231 муассисаи таълимӣ пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаи зикршуда дар ҳудуди вилояти Хатлон 566 бинои муассисаи таълимӣ барои 110150 ҷойи нишаст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, азнавсозӣ хоҳанд гардид. Дар заминаи татбиқи амалии барнома (замимаи 1, хонаҳои  шахсӣ, вагонхона ва  ҷойҳои  ҷамъиятӣ) бинои 21 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра, бинои 12 муассисаи таълимӣ барои 1082  ҷойи нишаст сохта шуда, бунёди 2 муассисаи таълимии дар хонаҳои  шахсӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қарордошта идома дорад. Дар маҷмӯъ, дар доираи иҷрои барномаи мазкур 48 бинои муассисаи таълимӣ барои 8730 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.  Зикр бояд кард, ки дар заминаи барнома дар қаламрави вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 57 бинои муассисаи таълимӣ барои 12258 ҷойи нишаст идома дорад.

-Илова бар ин, - мегӯяд Д.Сафаров, - дар доираи татбиқи марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд дар ҳудуди вилояти Хатлон сохтмону азнавсозии 72 иншооти соҳаи маориф барои 15616 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илм дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмони  88 иншооти соҳаи маорифро ба нақша гирифтааст. Феълан, дар 14 иншооте, ки ба Вазорати маориф ва илм тааллуқ дорад, корҳои сохтмонӣ идома дорад. Илова бар ин, бунёди 11 иншооти дигар тибқи нақшаи вазорат соли ҷорӣ оғоз мегардад. Ба таъкиди муовини сардори раёсати сохтмони асосии вазорат,   то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ сохтмони 128 муассисаи томактабӣ ва таъмиру таҷдиди 246 бинои кӯдакистон, инчунин, бунёди 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва таъмиру азнавсозии 620 муассисаи  таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта тибқи маълумоти омори дастрасгардида, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби  ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 130 муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди таълимгоҳҳо барои 32560 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Қобили зикр аст, ки аз ин шумора сохтмони 32 бинои муассисаи таълимӣ барои 9574 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи  ҳашар бошад, 40  бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4913 ҷойи нишаст  ба анҷом  расонда шудааст. Тибқи нақша соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёди 181 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди таълимгоҳҳо бо муҳайё намудани 53811 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш