Нашрияи Омӯзгор

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Миллате, ки аз таърихи худу забони худ бархурдор нест, худашро наметавонад муаррифӣ намояд. Забондонӣ яке аз омилҳои муҳим  барои донистани таъриху фарҳанги хеш ба ҳисоб меравад. Паёми имсолаи Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба  соҳаи маориф ниҳоят муҳим буда, мо - омӯзгоронро ҳам рӯҳбаланд намуду ҳам масъулияти бештарро ба зиммаамон гузошт.  Хусусан, дар масъалаи забон ва забондонии Роҳбари давлат дахл карда, аз ҷумла афзуданд: «Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем…». Баъди мутолиаи пурраи Паём шеъри машҳури «Забони модарӣ»- и шоири зиндаёд устод Бозор Собирро бори дигар хондам:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Набояд фаромӯш кард, ки забон таҷассумгари Ватан аст. Ин нукта низ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр бамаврид ва возеҳ қайд гардидааст: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем». Устод Муъмин Қаноат забони тоҷикиро чунин васф кардааст:

Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб,

Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.

Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,

 Ҳар чӣ меҷуӣ, биҷӯ...

Дар баробари таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф арҷгузорӣ ба забони модарӣ аз барҷастатарин фазилатҳои Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

 

Заррина ҚУТБИДДИНОВА,

омӯзгори мактаби №71

ба номи Ю.Акобиров, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш