Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи дастҷамъона зарур аст

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Мактаб, дабиристон, таълимгоҳ дар луғатҳо ҷойи омӯзиши бачаҳо, ҷое, ки дарс мехонанд, тафсир шудааст, ки шояд дар замонҳои пайдоишаш танҳо вазифаи омӯзишу таълими кӯдаконро ба дӯш доштааст.

Вале бо гузашти замон тағйироту таҳаввулоти ҷомеаи инсонӣ, зисту зиндагии мардум пеши мактаб чун дигар ниҳоду муассисаҳои ҷомеа вазифаҳои дигарро низ гузоштааст, ки ҳоло тарбияи кӯдаку наврасон дар баробари таълими онҳо, ба яке аз вазифаҳои муҳим ва баҳснопазири он табдил ёфта, тарбия низ дар паҳлуи таълим асоси фаъолияти муассисаи таҳсилотӣ гардидааст.

Кӯдаке ё наврасе дар кӯча ё нақлиёт беодобӣ кунад, дар маҳаллае миёни навҷавонон муноқиша ба амал ояд, ҳатто шомгоҳон ҳодисаи нохуше бо ширкати кӯдакон рӯй диҳад, айбу гуноҳро, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама аз мактабу муаллим ҷустанӣ мешаванд. Дар матбуоту радиову телевизион, дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, дар кӯчаю бозор сабабу омилҳои ҳодисаро аз мактаб, аз «бемасъулиятии омӯзгорон», «суст ба роҳ монда шудани тарбия» дар муассисаҳои таҳсилотӣ меҷӯянду гоҳо рӯйирост мактабу омӯзгоронро айбдор меҳисобанд. Ками андар кам ҳолатҳо суоле пеш мегузоранд, ки «Барои тарбияи кӯдакону наврасон оё танҳо мактаб масъул аст?».

Ба воқеият назар кунем, кӯдакону наврасони синни мактабӣ сеяки вақти шабонарӯзии худро бо дарсҳои чадвалӣ ва чорабиниҳои баъдидарсӣ дар муассисаи таҳсилотӣ мегузаронанд ва дар пеши чашми муаллимону роҳбарони мактаб ҳастанд, боқӣ дар хонаю маҳалли зисташон қарор доранд. Яъне, масъулияти тарбияи онҳо дар хонаю маҳалла ба дӯши падару модарон бояд бошад.

Ҳамзамон, маъмурияти муассисаҳои таҳсилотӣ ва омӯзгорон масъулияти хешро барои мақсаднок гузаштани вақтҳои баъдидарсии шогирдон фаромӯш карданӣ нестанд ва бахши ҳамкории мактаб ва волидайни шогирдон бо фарогирии тадбиру чорабиниҳои гуногун бо ҳамин мақсад роҳандозӣ мегардад. Ба дарсҳои иловагӣ ҷалб намудани талабагон, фарогирии хоҳишмандон ба маҳфилҳои фаннӣ, фарҳангӣ, варзишӣ дар ҳудуди мактаб, баргузории суҳбату мулоқотҳо бо намояндагони ниҳоду идораҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ, адибону олимон, шахсиятҳои саршиноси ҷомеа, машваратҳои моҳонаю семоҳа бо падару модарони шогирдони синфҳо, ҷаласаҳои кумитаҳои падару модарон дар мактаб, аз ҷумлаи чунин тадбирҳои беруназдарсӣ мебошанд.

Раъно ШАРИФОВА,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №95-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш