Рӯзҳои 18–19–уми майи соли ҷорӣ дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ доир гардид.
Дар расми ифтитоҳи озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иштирок ва суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки дар ҷумҳурӣ 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, вобаста ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ва дастуру ҳидоятҳои Раҳбари давлат аз рӯйи 156 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд. Дар баробари ин, сол то сол теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ғайридавлатӣ низ афзуда, дар чор соли охир шумораи онҳо ба 12 адад расидааст. Ин муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи самт ва равияҳои гуногун мутахассис тайёр менамоянд. Ҳамаи саволу масъалаҳо ва матни корҳои хаттӣ бевосита аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон таҳия ва пешкаш гардиданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 64 муассисаи таълимӣ (коллеҷи омӯзгории ноҳияи Вахш ва коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Лахш ширкат наварзиданд) 407 нафар иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2015 ду муассисаи таълимӣ ва нисбат ба соли 2012 27 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад. Имсол назар ба солҳои пешин иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ беҳтар ба мушоҳида расид, зеро соли 2015 дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ иштирокчиёни ғайриконкурсӣ зиёд буданд. Иштирокдорони озмун аз рӯйи ҳафт фанни таълимӣ – забон ва адабиёти тоҷик (иншо), забони русӣ (нақли хаттӣ), забони англисӣ (диктант), химия, таърих, биология ва математика (тест) дониши худро санҷиданд.
Рӯзи дуюми олимпиада як идда аз иштирокдорон ба комиссияи апеллятсионӣ ариза навишта, хоҳони он шуданд, ки натиҷаи корҳои иҷронамудаашон баррасӣ шавад. Иштирокдорони озмун бо хатоҳои худ шинос шуда, аз кори ҳайати ҳакамон қаноатмандии хешро баён дош-танд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар интихоби дурусти шогирдон барои иштирок дар ин чорабинӣ ба саҳлангорӣ роҳ дода, бе тайёрӣ омадаанд. Аз ҷумла, Лоло Давлатбеков, номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода, узви ҳайати ҳакамон, гуфт, дар озмуне, ки аз фанни забон гузашт, корҳои тайёрро ба мо пешкаш карданд. Дар корҳои иҷрошуда ному насаб, аз кадом муассиса будани довталаб ишора нашудааст. Ин ба он далолат мекард, ки дар баҳогузорӣ манфиатҳои касеро ҳимоя накунему он шаффоф гузарад. Кори иҷрошуда танҳо рақамгузорӣ мешуд. Ин ҷо мақсади мо дарёфти истеъдодҳост. Дар бораи гузарондани озмун пешниҳод дорам, ки минбаъд фақат ба теъдод нею ба сифат аҳамият диҳем ва танҳо зӯртаринҳо байни ҳам сабқат кунанд. Танҳо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик бештар аз бист нафар ариза пешниҳод карданд. Бо сабаби дуруст надонистани имлои забони тоҷикӣ аксари шогирдон дар навиштаҳои худ ба хато роҳ додаанд. Маълум мегардад, ки устодон дар ин самт бо шогирдони довталабашон ба таври даркорӣ кор накардаанд. Ин нуктаро Ҳанифа Қурбонова – номзади илми химия, омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, дотсент, узви ҳайати ҳакамон, низ таъкид кард. Ба ақидаи муаллима хуб мешуд, агар дар олимпиадаҳои оянда ба фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Баъд аз баррасии ҳаматарафа ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуданд. Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии ба номи академик М. Осимӣ ҷойи якум, коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷойи дуюм ва коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон – иштирокчиёни фаъоли ин муассисаҳо бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои пулии Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр