Нашрияи Омӯзгор

Қадри зар заргар бидонад

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Имрӯз маҳз ба воситаи китоб тамоми мардуми олам ашъори устодони адабиёти форсу тоҷикро медонанду ҳамчун мардуми фарҳангиву эҷодкор мешиносанд.

Боиси ифтихори мост, ки дар кадом гӯшаи дунё бошӣ, ҳар боре «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме…», «Эй сорбон, оҳиста рон…» ва ё «Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст…» ва дигар офаридаҳои бузургони адабиёти классикии форсу тоҷикро тоҷиктабору тоҷикзабон буданамон зуд пай мебаранд, ки ин боиси сарбаландиву сарфарозии мо, тоҷикон, мебошад.

Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе наврасон ва ҷавонон (хонандагон ва донишҷӯён)-е пайдо мешаванд, ки қадри заҳматҳои ин чеҳраҳои мондагорро намедонанд.

Дирӯз китоберо дар китобхонаи мактаб дидам, ки  китобдор онро ширеш карда, саҳифаҳояшро ба тартиб медаровард. Ин китоб «Адабиёти тоҷик» барои синфҳои 8-ум буд. Ҳангоми варақзании китобдор чашмам ба расми Шайх Саъдӣ афтод, ки бо нӯки қалам дар чашмони ин алломаи адабиёт айнак кашида шуда буд. Ин манзара маро  водор сохт, ки тамоми китобро варақ занам. Дар саҳифаҳои дигар ба рӯйи Носири Хусрав ришҳои дамидаву абрувони хамида ва дар лаби Зебуниссо мӯйлаб кашида шуда буд, ки ин аз рӯи одоб нест. Муқова ва варақҳои китобро дида намешуд, зеро даридаву фарсуда буданд. Ин дар ҳолест, ки қариб ҳар сол хонандагон дар мактаб бо қитобҳои нав таъмин мегарданд. Наход дар як соли хониш толибилм китобро, ки барои чанд сол пешбинӣ шудааст, ба ҳолати корношоямӣ оварда расонад?

Албатта, насли навин имрӯз ба техника ва технологияи муосир рӯ овардаанд. Он панду андарзҳое, ки бузургонамон дар китобҳо овардаанд, дар шабакаҳои интернетӣ баъзан дастрас карданашон амри муҳол аст.

 Аз ин рӯ, ман ҳамчун омӯзгор аз хонандагон ва донишҷӯён хоҳиш дорам, ки ба қадри заҳматҳои бузургони илму адаб бирасанд. Зеро мақсад аз эҷодиёти онҳо танҳо баланд бардоштани сатҳи дониш, пешравӣ ва  дар ҳаёт шикаст нахӯрдани мову шумост.   

 

Сафия Гулова

муовини директори

мактаби № 40-и

ноҳияи  Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш