Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғбахши ҷаҳони маънавӣ

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Китоб ҷаҳони  маънавии шахсро мунаввар мекунад, нерую тавоноиашро меафзояд ва бунёдгузори тамоми  комёбиҳои ҳар фард мешавад. Китоб боэътимодтарин роҳнамои инсонҳост. Дар мушкилтарин ҳолатҳо маҳз дар такя ба дастуру ҳидояти китобҳо мардум ба растагорӣ расидаву  аз вартаҳо берун ҷастаанд.

Ин мазмун дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) хеле равшану муассир мегардад. Пешвои миллат ишора ба  он нуктаи  муҳим карданд, ки китоб  таъмингару инкишофбахши хирад аст ва хирад мутобиқат ба он мекунад, ки инсон дар ҷомеа комёб бошад, ба нафъи халқу миллат хидмат намояд.  Ба воситаи китоб ҷаҳонбинии мо вусъат меёбад ва дунёи маънавиямон пурбор мешавад. Президенти  ҷумҳурӣ китобхониро амали муҳим ва файзбахш тавсиф намуда, даъват ба амал  оварданд, ки хурду калони мамлакат рӯй ба китоб оваранд ва аз дурдонаҳои пурарзишу манфиатбори он бархурдор бошанд. Пешвои миллат дар Паём бо таассуф иброз доштанд: «…Тибқи таҳлилҳо,  вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад». Ҳамзамон, Сарвари кишвар ба алоқамандони таълиму тарбия дастур доданд, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва азёд кардани порчаҳои  назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ,  тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои  ҷиддӣ ва  судманд ба роҳ монанд. Инак, бояд мо, омӯзгорон, бар он кӯшем, ки  китобхонӣ ба талаботи маънавии ҳамешагии насли наврас табдил ёбад. Бо ин  мақсад бояд ҳар чӣ бештар ба шогирдон китобҳои хуб ва тозагирро вобаста ба синну солашон муаррифӣ намоем, бо муаллифони китобҳо мулоқотҳо биороем, гӯшаи  китобҳоро ба таври муассиру ҷолиб ташкил созем, хонандагонро ба китобхонаҳо ҳидоят бикунем, оид ба китобҳои  хондаашон байни онҳо суҳбатҳои  шавқовар созмон бахшем. Зарур аст, ки дар ҳар соли таҳсил ду-се соати тарбиявӣ ба мавзӯи бузургдошти китоб ва аҳамияти китобу китобхонӣ бахшида шавад.

Бо камоли сипосмандию ифтихор мегӯем, ки Пешвои миллат баҳри ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба мутолиаи китоб пайваста тадбирҷӯӣ мекунанд. Нашри силсилакитобҳои  «Ахтарони адаб» (дар 50 ҷилд), «Энсиклопедияи  миллии тоҷик» (дар 13 ҷилд), «Донишномаи кӯдакону наврасон», ҳамасола маблағи махсус ҷудо кардан ба нашри осори адибон, дастгирии нашри мунтазами як қатор рӯзномаву маҷаллаҳо ва амсоли инҳо аз зумраи иқдомоти наҷибу барои аҳли ҷомеа хеле манфиатбори Сарвари кишвар мебошанд. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...», ки низ бо ибтикори  Пешвои  миллат сурат гирифту инак, бо дастури Президенти муҳтарам минбаъд ҳамасола баргузор хоҳад гашт, дар китобхон шудани хурду калони кишвар нақши хеле муҳим хоҳад гузошт. Мо, омӯзгорон, бояд дар сафи пеши мубаллиғони китоб ва арҷгузорони ин неруи тавонои маънавӣ қарор дошта бошем.

 

Шаҳло Раҳматова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи «Раҳнамо»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш